Хабарҳо
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пахта ҷараён дорад - 06.04.2020 16:53
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарварӣ бунёд мешавад - 06.04.2020 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 06.04.2020 14:36
Изҳороти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: То 6 апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст - 06.04.2020 14:03
Маъруфҷон Ҳоҷибоев: Касе аз короновируси COVID-19 сироят наёфтааст, чун манбаи беморӣ мавҷуд нест - 06.04.2020 13:37
вилояти Суғд - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:56
ВМКБ - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:51
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон-1” - 03.04.2020 14:19
КОРОНАВИРУС: АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕМ! - 03.04.2020 13:38
Дар ДДҲБСТ дар мавзӯи “Системаҳои иттилоотӣ: муаммаҳо ва дурнамои рушд” конференсияи илмию амалии вилоятӣ доир гардид - 03.04.2020 13:35

Раҷаббой Аҳмадзода

( 120 Овоз )

Раиси вилояти Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.

Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи корхонаи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори корхонаи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Бо медали ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ордени “Шараф” дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Аз 13 январи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд ва аз 8 марти соли 2018 Раиси вилояти Суғд таъйин гардид.

  • 1
  • 2
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Раҷаббой Аҳмадзода