Хабарҳо
Қадршиносии варзишгарон ва собиқадорони соҳа - 10.04.2020 16:09
11 апрел дар шаҳрҳои саноатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал доир мешавад - 10.04.2020 15:18
Суғд. Дар семоҳаи якуми соли 2020 ба маблағи 3 миллиарду 321,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 10.04.2020 10:14
Ташкили китобхона дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд - 10.04.2020 10:12
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 10.04.2020 08:13
Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ телефонӣ ҳисобот доданд - 10.04.2020 08:10
Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд - 09.04.2020 16:44
ПОСЛАНИЕ ЛИДЕРА НАЦИИ И ПРОБЛЕМЫ РАЗВИТИЯ ПРОСВЕЩЕНИЯ. Размышления доктора политических наук, члена-корреспондента Академии наук Республики Таджикистан С. Ятимова - 09.04.2020 14:18
Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 09.04.2020 13:28
Хизмат ба Ватан — қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст! - 09.04.2020 10:35

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.



Аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи  пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.

Аз ин лиҳоз ва бо назардошти бараъло мавҷуд будани таркиби ҷинояти барангехтани кинаву адовати динӣ дар ҳаракатҳои Шарипов Д.А., 28 январи соли 2020 нисбат ба номбурда бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо қарори Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 30 январи соли 2020 ӯ ба ҳабс гирифта шуд.

Тафтишот идома дорад.

 

Маркази  матбуоти
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

01 феврали соли 2020

  • 1
  • 2
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон