Хабарҳо
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум - 30.03.2020 13:32
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Мастчоҳ - 30.03.2020 14:22
Ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид - 27.03.2020 20:17
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар Қасри Арбоб - 26.03.2020 12:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд - 26.03.2020 10:33
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшиданд - 26.03.2020 10:32
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд - 26.03.2020 10:30
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 26.03.2020 10:24
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд - 25.03.2020 20:19
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир-Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2020 12:47

Хуҷанд: мулоқоти нахустини номзадҳо

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва парлумони касбӣ оғоз гардид. Нахустин мулоқот дар Комиссияи ҳавзавии «Раззоқ», №1 оид ба интихоботи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, ки дар МТМУ №27 ҷойгир аст, баргузор шуд.

Дар ин муассисаи таълимӣ ҳамзамон, участкаи интихоботии №2-и ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх», № 5 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд низ воқеъ мебошад.

Наим Маликисломӣ, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоботи вакилони даъвати нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, вилоятҳо ва интихоботи вакилон ба ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо 1 марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Ин шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар мулоқот номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд, №13 Гулбаҳор Назирӣ, шахси боэътимоди номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрӯз Саидӣ – Анвар Ҳоҷиев, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Замира Ҳомидова, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Хуршед Ғафуров ва Зебо Аминова барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуданд.

Дар мулоқот аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба номзадони арзанда раъйи худро диҳанд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин мулоқоти номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқ дар участкаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон то санаи 28-уми феврали соли 2020 тибқи нақша пешбинӣ гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

  • 1
  • 2
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Хуҷанд: мулоқоти нахустини номзадҳо