Хабарҳо
Қадршиносии варзишгарон ва собиқадорони соҳа - 10.04.2020 16:09
11 апрел дар шаҳрҳои саноатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал доир мешавад - 10.04.2020 15:18
Суғд. Дар семоҳаи якуми соли 2020 ба маблағи 3 миллиарду 321,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 10.04.2020 10:14
Ташкили китобхона дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд - 10.04.2020 10:12
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 10.04.2020 08:13
Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ телефонӣ ҳисобот доданд - 10.04.2020 08:10
Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд - 09.04.2020 16:44
ПОСЛАНИЕ ЛИДЕРА НАЦИИ И ПРОБЛЕМЫ РАЗВИТИЯ ПРОСВЕЩЕНИЯ. Размышления доктора политических наук, члена-корреспондента Академии наук Республики Таджикистан С. Ятимова - 09.04.2020 14:18
Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 09.04.2020 13:28
Хизмат ба Ватан — қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст! - 09.04.2020 10:35

Навиди Раиси вилоят

Суханронӣ ва мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

( 3 Овоз )

29.10.2012, шаҳри Қайроққум

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки шумо медонед, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бахусус дар марҳалаи кунунии рушди кишварамон роҳбарияти давлат ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони кишвар беш аз пеш таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон пайваста азму талош менамояд.

Идомаи боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд

( 2 Овоз )

29.10.2012, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Дар яке аз маҷмааҳои истеҳсолии минтақаи саноатии қисмати шарқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдухалил Раҳимов бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва бо ин шумораи коргоҳҳои он ба 8 адад расид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар коргоҳҳои гуногуни ин маҷмаа беш аз 200 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд.

Иштироки Президенти кишвар дар ифтитоҳи мактаби Иршод,толори варзишӣ ва майдони яхи сунъӣ дар шаҳри Хуҷанд

( 2 Овоз )

 

29.10.2012 16:05, шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби хусусии таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуд, ин мактаб аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ – падару писар Абдуалӣ ва Абдумалик Қурбоновҳо бунёд ёфта, бо 25 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз барои 500 нафар хонандагони хушлаёқат дар 2 баст пешбинӣ шудааст.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум

( 3 Овоз )

Видео :: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум.

Аз шаҳри Истаравшан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум омад. Мардуми шукргузори шаҳраки кӯҳкорони Консой ӯро бо арзи сипосу шодмонӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳраки Консой Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи саноатии Апрелевка, ки бо сармоягузории муштараки ватанӣ ва хориҷӣ аз нав фаъолияти пурсамар ба роҳ мондааст, ташриф овард.

Иштирок дар ифтитоҳи Маркази тиҷоратию хизматрасонии Ситораи Шарқи шаҳри Истаравшан

( 2 Овоз )

28.10.2012, шаҳри Истаравшан

Видео :: Иштирок дар ифтитоҳи Маркази тиҷоратию хизматрасонии Ситораи Шарқи шаҳри Истаравшан.

Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои чорошёнаи Маркази тиҷоратию хизматрасонии Ситораи Шарқ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чунонки иттилоъ дода шуд, бинои хуштарҳу зебои ин марказ бо харҷи беш аз 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ҷавони маҳаллӣ Ҳоким Ҳомидов бунёд ёфта, дар он 120 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд.

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан

( 2 Овоз )

27.10.2012, шаҳри Истаравшан     
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!


Имрӯз мо дар ин диёри зебоманзари бостонӣ бо ин мақсад ҷамъ омадаем, ки рӯйдоди бузурги таърихӣ – ифтитоҳи нақби «Шаҳристон» ва ба анҷом расидани таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Истаравшан - Хуҷанд - Бӯстон – Чанак ва ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшанро якҷоя таҷлил намоем.

Ба ин муносибат мардуми сарбаланди кишварамон, аз ҷумла мардуми фарҳангпарвару меҳнатдӯсти вилояти Суғд ва сокинони ҳимматбаланди шаҳри Истаравшанро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳату рӯзгори пурфайз ва хонадони осудаву иқболи баланд орзумандам.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят