Хабарҳо
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 01.06.2020 17:08
Шиносоӣ бо сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 01.06.2020 16:02

Навиди Раиси вилоят

Мастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шуданд

( 0 Овоз )

Мастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шуданд

Видео : Таҷлили иди Наврӯз дар Қасри Арбоб

Имрӯз, 16 сентябр 800 нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ тариқи қуръапартоӣ мавқеи ҷойгиршавии заминҳои наздиҳавлигии худро муайян намуда, соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин шуданд.

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд тақсимоти қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ба тариқи қуръапартоӣ дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиён сурат гирифт.

Ифтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоят

( 0 Овоз )

Ифтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоят

Видео : Ифтитоҳи бинои нав дар Маркази дилшиносии вилоят

Кормандони маркази дилшиносии вилоят соҳиби боз як бинои замонавӣ шуданд. Акнун шуъбаи сеюми ин марказ аз бинои кӯҳна ба иншооти нав интиқол ёфт ва минбаъд дар шароити мусоид бо сатҳу сифати баланд фаъолият хоҳад кард.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нави шуъба, ки субҳи имрӯз, 15 сентябр сурат гирифт, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятШанбеи 13 сентябр дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ 23 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят пазируфта шуданд.

Дар ин рӯз бо масоили замин ва баҳсҳои вобаста ба он 6 нафар, таъмин шудан бо оби полезӣ ва нӯшокӣ 7 нафар, маориф 2 нафар, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ 2 нафар, инчунин бо масоили иқтисод ва молия, мусоидат барои табобат, таъмири роҳҳо, сохтмону нафақа ва ғайра сокинон ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Хотирнишон бояд кард, ки шанбеи гузашта 33 нафар шаҳрвандон ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуда буданд.

Суғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намуданд

( 1 Овоз )

Суғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намуданд

Видео : Суғд: 100 ҳазор нафар саҳмдорон ба замини хеш дастрасӣ пайдо намуданд Қисмати назариявии семинари вилоятӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар саҳни бошишгоҳи хоҷагии деҳқонии «Ваҳдат» - и Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз баргузор гашт. Дар ин мавзеъ аз ҷониби заркорони вилоят намудҳои гуногуни тухмиҳои серҳосили гандум ва пахта ба намоиш гузошта шуд.

Дар қисмати назариявии семинари вилоятӣ, ки бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гашт, таъкид шуд, ки имрузҳо баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва боло бардоштани ҳосилнокӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Иштироки Раиси вилоят дар семинари вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣ

( 0 Овоз )

Иштироки Раиси вилоят дар семинарии вилоятӣ оид ба масоили кишоварзӣСанаи 10 сентябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, ҷамъоварии беталафи тиллои сафед ва саривақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ, сарфаи оқилона ва тақсимоти дурусти об, нигаҳдории меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ семинари вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид.

Нахуст дар бахши амалӣ иштирокдорони семинари мазкур, ки раисони шаҳру навоҳии кишоварзии вилоят, муовинони онҳо, сардорони идораҳои кишоварзии ин минтақаҳоро фарогир буд, аз якчанд заминҳои пахта дидан намуда, бо нашъу намои он бевосита шинос гардиданд.

Истравашан: Оғози мумфаршсозии роҳи маҳаллаи Ясӣ бо ҳузури А. Қодирӣ

( 0 Овоз )

Истравашан: Оғози мумфаршсозии роҳи маҳаллаи Ясӣ бо ҳузури А. ҚодирӣДастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми роҳбарияти вилоятро дар мавриди вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бахусус таъмиру азнавсозии роҳҳо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Истаравшан бо шавқи зиёд ҳамовозӣ мекунанд.

Нишони ин кушишҳои дастҷамъонаро дар мисоли маҳаллаи Ясии Ҷамоати деҳоти Гули Сурх метавон мушоҳида намуд. Дар рузи сафари кории Раиси вилоят ба мумфаршкунии боз як кучаи ин маҳалла ба масофаи 500 метр ҳусни оғоз бахшида шуд.

Кучаи мазкур аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмир шуда, иқдоми ҷавобӣ ба ташаббуси сокинони маҳалла аст, ки худ низ ба кори азнавсозии кучаҳо бо ҷидду ҷаҳди зиёд даст задаанд.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят