Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

Навиди Раиси вилоят

Абдураҳмон Қодирӣ барои пахтачинӣ ба саҳро баромад

( 1 Овоз )

Абдураҳмон Қодирӣ барои пахтачинӣ ба саҳро баромад

Видео : Абдураҳмон Қодирӣ барои пахтачинӣ ба саҳро баромад Рӯзи шанбеи 18 октябр беш аз 600 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ, адибону нависандагон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма  барои  кӯмак ба кишоварзон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.

Дар ин рӯз ҳашарчиён дар ҷамъоварии «тиллои сафед» ба деҳқонони бригадаи рақами 20-уми ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯмак расониданд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбеи 18 октябр 43 нафар шаҳрвандон бо масоили гуногун ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муроҷиат намуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд – 13 нафар, Мастчоҳ – 8 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 8 нафар, Ғончӣ - 3 нафар, Конибодом – 3 нафар, Қайроққум – 2 нафар, Спитамен – 2 нафар, Ашт – 2 нафар, Ҷаббор Расулов – 1 нафар, Шаҳристон – 1 нафар пазируфта шуданд.

Хотирнишон бояд кард, ки сокинон асосан бо масоили замин ва баҳси он, манзил ва баҳси он, кишоварзӣ, таъмин шудан бо оби полезӣ ва нӯшокӣ, таъмири роҳ ва ғайра ба роҳбарият муроҷиат намуданд.

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Валерий Бондаренко

( 1 Овоз )

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Валерий Бондаренко

Видео : Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Валерий Бондаренко Тибқи фармони Вазири корҳои хориҷаи Русия ба вазифаи консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко таъин гардид. Ӯ дар ин симмат ҳамкасби хеш Александр Копнинро иваз намуд. Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ консули генералии  навтаъиншуда ва собиқро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Раиси вилоят Валерий Бондаренкоро дар ин симматаш табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷониба минбаъд низ густариш дода мешавад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо Русия равобитаи дустонаву самарабахш дорад ва байни ин ду давлат як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Фаъолшавии «Хуҷандатлас» ва баргузории «Иди атлас ва адраси Хуҷанд - 2014»

( 3 Овоз )

Фаъолшавии «Хуҷандатлас» ва баргузории «Иди атлас ва адраси Хуҷанд - 2014»

Видео : Фаъолшавии «Хуҷандатлас» ва баргузории «Иди атлас ва адраси Хуҷанд - 2014»

Бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Хуҷандатлас» - и шаҳри Хуҷанд дубора ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ин корхона солҳои пешин бо истеҳсоли атлас машғул буда, шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт. Баъд аз солҳои тӯлонии бозистӣ корхона барои истеҳсоли атлас оғоз кард ва дар он 70 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Дар ин корхона зиёда аз 60 намуди атлас истеҳсол мешавад, ки 8 намуди он навъҳои нави атлас мебошад. Дар корхона бо истифодаи 1 тонна абрешим 21 ҳазор метри мурабаъ атлас истеҳсол карда мешавад. Ба иттилои мутахассисон дар оянда ҳаҷми истеҳсол рӯ ба афзош ниҳода, коркарди абрешими ватанӣ зиёд карда мешавад.

Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа

( 0 Овоз )

Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа

Видео : Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа

Санаи 14 октябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти  нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои заминсозӣ, раёсатҳои кишоварзӣ ва раисони ҷамоатҳо иштирок намуданд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбеи 11 октябр 52 нафар сокинони вилоят бо масоили гуногун ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз шаҳру навоҳии Хуҷанд – 12 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 12 нафар, Ғончӣ - 7 нафар, Истаравшан – 6 нафар, Мастчоҳ – 5 нафар, Спитамен – 4 нафар, Конибодом – 3 нафар, Қайроққум – 1 нафар, Шаҳристон – 1 нафар, Чкалов – 1 нафар пазируфта шуданд.

Дар ин рӯз сокинон асосан бо масоили замин ва баҳси он, манзил ва баҳси он, табобату сохтмон, таъминот бо оби полезиву нӯшокӣ, таъмири роҳ, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ғайра муроҷиат намуданд.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят