Хабарҳо
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25

Навиди Раиси вилоят

Мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилоят

( 0 Овоз )

Мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилоят

Видео : Мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилоят

Имрӯз, 28 август дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят машварати августии омӯзгорон доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Қабл аз баргузории машварат дастовардҳои муҳассилини мактабҳои вилоят, маҳсули эҷоди дастони эъзоёни маҳфилҳои ҳунарӣ, кашфиётҳои техникии ихтирокорони наврас ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.

Машварати кории Абдураҳмон Қодирӣ

( 0 Овоз )

Машварати кории Абдураҳмон Қодирӣ

Имрӯз Раиси  вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони  Раиси вилоят, роҳбарони раёсатҳо ва мудирони шӯъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи корӣ баргузор  намуд.

Дар он сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ҷамбаст ва натиҷабардорӣ гардид. Дар ҷамъомад Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои  Сарвари давлатро ҳангоми сафар дар вилояти Суғд баррасӣ намуда, барои ҳалли саривақтии онҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аёдати А. Қодирӣ аз осебдидагони тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистон

( 0 Овоз )

Аёдати А. Қодирӣ аз осебдидагони тирпаронӣ дар марз бо ҚирғизистонИмруз, 26 август Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба оилаи Нуъмонҷон Набиев, ки бар асари муноқишаи марзӣ ҳалок гардид, изҳори ҳамдардӣ намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, бо вазъи нафароне, ки дар ин муноқишаи сарҳадӣ аз тири марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷароҳат дидаанд, шинос гардид. Раиси вилоят ба масъулини ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки ин шаҳрвандон бо дорувории зарурӣ таъмин карда шуда, вазъи саломатии онҳо зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад.

Машварати кории Сарвари давлат бо фаъолони вилояти Суғд

( 2 Овоз )

Машварати кории Сарвари давлат бо фаъолони вилояти Суғд

Видео : Машварати кории Сарвари давлат бо фаъолони вилояти Суғд

Нимаи дуюми рӯзи шанбе, 23 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуд.

Зимни машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро дар 7 моҳи соли равон таҳлил намуда, роҳҳои ҳалли мушкилот ва бартарафсозии монеаҳои мавҷударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Иштироки Э.Раҳмон дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

( 1 Овоз )

Иштироки Э.Раҳмон дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Видео : Иштироки Э.Раҳмон дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Хуҷанд омад.

Чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар ин майдони фарох дар масофаи қариб як километри кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анвои гуногуни харбуза, маҳсулоти замбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.

Ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи МастчоҳҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани шароити дурусти хизматӣ ба сарбозону афсарон тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.

Нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе, 21 август дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов ва роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб як иншооти сарҳадӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо бинои тозабунёд ва шароити дар он фароҳам оварда шуда Раиси вилоят ва ҳамроҳонаш аз сатҳу сифати иншоот изҳори хурсандӣ намуданд.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят