Хабарҳо
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.01.2020 16:24
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара - 29.01.2020 15:50
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 29.01.2020 13:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 27.01.2020 16:21
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада - 25.01.2020 19:25
Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад - 27.01.2020 11:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ - 27.01.2020 10:04
Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ - 25.01.2020 11:56
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03
Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд - 24.01.2020 15:58

Навиди Раиси вилоят

2,5 миллион сомонӣ барои пардохти маоши кормандони соҳаи буҷетии Зафаробод

( 0 Овоз )

2,5 миллион сомонӣ барои пардохти маоши кормандони соҳаи буҷетии ЗафарободЗимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилоят бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Равшан мулоқот намуд ва масъалаҳои ҳалталаби ҷамоат мавриди таҳлилу баррасӣ карор дода шуданд.

Ҷамоати деҳоти Равшан яке аз нуқтаҳои дурдасти аҳолинишини вилоят ба ҳисоб меравад ва имрӯз муаммоҳои хоси худро дорад. Яке аз мушкилоти муҳими мавзеъ таъминоти об мебошад, ки аз муроҷиатҳои зиёди сокинон ба унвони Раиси вилоят бармеояд. Бо ин мақсад роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст, ки соли равон дар ин ҷамоат 20 адад чоҳи амудӣ, аз ҷумла ду чоҳ барои оби нӯшокӣ кофта ба истифода диҳад. Ин чоҳҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ сохта шуда, хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатро аз танқисии об эмин медоранд. Илова бар ин бо дастури роҳбари вилоят 100 адад қубурҳои обгузарон дар мавсими имсола барои ноҳияи Зафаробод дастрас ва захира карда мешаванд.

5 миллион сомонӣ барои таъмири роҳи Зафаробод - Дӯстӣ

( 1 Овоз )

5 миллион сомонӣ барои таъмири роҳи Зафаробод - Дӯстӣ

Санаи 24-уми феврал Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади санҷиши ҳолати омодагии хоҷагии халқ ба мавсими нави киштукор ва оғози корҳои ободонӣ ба ин ноҳия ташриф овард.

Дар ибтидои сафари корӣ Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ бо лоиҳаи хонаҳои истиқоматии деҳаҳои навбунёд шинос шуд. Тибқи нақша инҷо дар масоҳати 147 гектар, аз ҷумла 121 гектар дар маҳаллаи Ҷавонӣ ва 27 гектар дар маҳаллаи Ҳаштяк бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳуҷҷатгузориҳо барои тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ ҷараён дорад ва ин заминҳо барои зиёда аз 700 оилаи муҳоҷирони ихтиёрии дохилӣ пешбинӣ шудаанд. Муҳоҷирони ихтиёрӣ асосан аз ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен инҷо сокин хоҳанд шуд.

Марказҳои савдо пас аз таҷдид фаъол шуданд

( 0 Овоз )

Марказҳои савдо пас аз таҷдид фаъол шуданд

Видео : Марказҳои савдо пас аз таҷдид фаъол шуданд Марказҳои савдои «Тоҷир», «Баҳор» ва «Сино», ки бар асари сӯхтор дар таърихи 15-уми ноябри соли 2014 ба коми оташ рафта буданд, пас аз таҷдид дубора ба истифода дода шуданд.

Имрӯз, 23 феврал Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии марказҳои савдо ба ин макон ташриф оварда, бо сифати корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардид. Тавре таъкид гардид, ҳамаи 3 маркази савдо бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардида, соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки дар дӯконҳои замонавӣ ба кори худ оғоз бахшанд. Зимни боздид Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо мақсади дастгирии соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар дида буданд, онҳо давоми як сол аз пардохти иҷорапулӣ озод ҳастанд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбеи 21 феврал 59 нафар шаҳрвандон бо масоили гуногун, аз ҷумла замин ва баҳси он, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сохтмон, таъмин шудан бо оби полезиву нӯшокӣ ва ғайра ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят аз шаҳру навоҳии Хуҷанд – 12 нафар, Мастчоҳ – 9 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 8 нафар, Исфара – 5 нафар, Истаравшан – 4 нафар, Зафаробод – 4 нафар, Спитамен – 4 нафар, Ғончӣ - 3 нафар, Конибодом – 3 нафар, Чкалов – 2 нафар, Ҷаббор Расулов – 1 нафар, Айнӣ - 1 нафар ва чанд нафар кормандони васоити ахбори омма пазируфта шуданд.

Машварати кории муовини Сарвазири мамлакат

( 0 Овоз )

Машварати кории муовини Сарвазири мамлакат

Видео : Машварати кории муовини Сарвазири мамлакат Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон машварати корӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят, як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини соҳаи комплекси агросаноатии вилоят доир гардид.

Машварати кориро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар соли 2014 дар вилоят иқдому ташаббусҳои неки созандагӣ амалӣ гардида, меҳнаткашони вилоят солро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намуданд.

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо интихобкунандагон

( 0 Овоз )

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо интихобкунандагон

Видео : Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо интихобкунандагон Дар конфронси ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, ки санаи 14-уми январ сурат гирифта буд, номзадии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Куруш, рақами 56 пешниҳод гардида буд.

Дирӯз мулоқоти Раиси вилоят, номзад ба маҷлиси вакилони халқи вилоят  бо интихобкунандагон - сокинони ҷамоатҳои деҳоти Куруш ва Тағояки ноҳияи Спитамен баргузор гардид.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят