Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Навиди Раиси вилоят

Суғд: Оғози корҳои бунёдӣ дар шаҳраки нав

( 0 Овоз )

Суғд: Оғози корҳои бунёдӣ дар шаҳраки нав Ояндаи наздик дар шимолу ғарбии шаҳри Хуҷанд, дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳраки нав бунёд ёфта, ҳазорҳо гектар замини бекорхобида ба гардиши кишварзӣ дароварда мешавад.

Бо ин мақсад субҳи рӯзи ҷумъа, 6 июн дар ин минтақа бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сохтмони пойгоҳи обкашӣ расман оғоз ёфт. Ҳадафи аслии ин тадбир ҳаллу фасли як қатор мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии  шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада,  мақсад аз он бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани сокинон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, азхудкунии заминҳои нав, бунёди иншоотҳои гуногуни иҷтимоиву истеҳсолӣ мебошад.

Маросими пардабардорӣ аз болои муҷассамаи Содирхон Ҳофиз

( 0 Овоз )

Маросими пардабардорӣ аз болои муҷассамаи Содирхон Ҳофиз

Видео : Маросими пардабардорӣ аз болои муҷассамаи Содирхон Ҳофиз

Бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба бинои хобгоҳи муассисаи давлатии мактаби рақсии «Зебо» хишти аввал гузошта шуд.

Боиси зикр аст, ки муассисаи давлатии мактаби рақсии «Зебо» - и вилояти Суғд моҳи декабри соли 2012 таъсис ёфта, духтарон дар ин мактаб ҳунари рақс меомӯзанд ва дар чорабиниҳои фарҳангии вилоят бо барномаҳои рақсии зебои худ баромад мекунанд. Бинои хобгоҳ дар паси бинои мактаби рақсӣ бунёд карда мешавад.

Суғд: 143 нафар соҳиби замин шуданд

( 0 Овоз )

Суғд: 143 нафар соҳиби замин шуданд

Видео : Суғд: 143 нафар соҳиби замин шуданд

Санаи 4 июн бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маҳаллаи 14-уми маркази вилоят барои 143 нафар эҳтиёҷмандон замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамаи онҳоеро, ки  дар ин рӯз имкони беҳтар намудани шароити манзили зистро пайдо намуданд, табрик намуда, қайд намуд, ки ҳоло мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи «Сомғор» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ду ҳазор гектар замин барои бунёди маҳаллаҳои нав ҷудо карда хоҳад шуд.

Боздид аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Боздид аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд

Видео : Боздид аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят аз якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард. Абдураҳмон Қодирӣ сараввал ба корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» ташриф оварда, дар толори он аз намоиши маҳсулоти корхона дидан кард.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар коргоҳ зиёда аз 30 намуди либос, аз ҷумла, куртаҳои мардона ва занона, сару либоси мактабиву корӣ, рахти хоб ва ғайра истеҳсол карда мешавад, ки сифати он хело баланд мебошад. Зимни шиносоӣ Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар ин радиф бояд ашёи хоми ватанӣ, ки аз пахта гирифта мешавад, мавриди истифодаи бештари сокинон қарор гирад.

Оғози мумфаршкунии роҳи кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Оғози мумфаршкунии роҳи кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд

Видео : Оғози мумфаршкунии роҳи кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз, 4 июн бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба мумфаршкунии кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд. Ин иқдом дар доираи эълон гардидани «Соли 2014 - соли роҳҳои обод» рӯи кор омада, ҳадаф ба таъмиру тармим фаро гирифтани роҳҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Дарозии умумии ин роҳ 1 километрро ташкил дода, он аз ҳисоби мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд ва саҳмгузории соҳибкорон пурра мумфарш карда мешавад, ки маблағии умумии он беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мумфаршсозии роҳро ҶДММ «Анд» ба уҳда гирифтааст.

Боздиди Абдураҳмон Қодирӣ аз мавзеҳои таърихӣ

( 0 Овоз )

Боздиди Абдураҳмон Қодирӣ аз мавзеҳои таърихӣРӯзи якшанбеи 1 июн Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз Арт - галереяи Сомониён, маҷмаи таърихии Шайх Маслиҳаддин ва бозори Панҷшанбе боздид ба амал овард.

Зимни боздиди Раиси вилоят аз Арт - галереяи Сомониён иттилоъ дода шуд, ки бинои галерея ҳанӯз соли 1958 - и қарни гузашта сохта шуда, дар гузашта ҳамчун чойхона истифода мешуд, ки дар минтақа хело машҳуру маъмул буд. Дар ин бино нақшу нигори қадимаи миллӣ моҳирона инъикос гардидааст. Зимни шиносоӣ аз ҷониби Раиси вилоят таъкид гардид, ки ин бино бояд дар оянда ҳамчун чойхона ба мардум хизмат расонад.

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят