Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Навиди Раиси вилоят

Маросими муаррифии раисони шаҳру навоҳӣ

( 0 Овоз )

Маросими муаррифии раисони шаҳру навоҳӣРӯзи сешанбеи 2 декабр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ раисони навтаъини шаҳру навоҳии вилоятро ба фаъолон муаррифӣ намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Қайроққум, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ иваз карда шуданд.

Ҳамин тариқ Худойназар Амонзода, аз вазифаи раиси шаҳри Қайроққум озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Матлубахон Сатториён аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлол озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққум таъин шуданд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятДар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят, ки шанбеи 29 ноябр доир шуд, 48 нафар пазируфта шуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру навоҳии Хуҷанд – 10 нафар, Истаравшан – 8 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 8 нафар, Ғончӣ - 6 нафар, Зафаробод – 3 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ – 3 нафар, Ашт – 2 нафар, Мастчоҳ – 2 нафар, Шаҳристон – 2 нафар, Спитамен – 2 нафар, Чкалов – 1 нафар, Исфара – 1 нафар ба қабули роҳбарияти вилоят омаданд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони аз сӯхтор зарардида

( 2 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони аз сӯхтор зарардида

Видео : Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони аз сӯхтор зарардида Имрӯз, 26 ноябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо соҳибкороне, ки дар натиҷаи сӯхтори шаби 15-уми ноябр зарар дидаанд, мулоқот намуд.

Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури Прокурор ва Суди вилоят, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилоят, роҳбарияти Раёсати андоз дар вилоят, раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарияти бозорҳо ва худи соҳибкорон доир гардид, масоили сохтмони марказҳои ҷадиди савдо, фаъолияти ситодҳои таъсисёфта, мушкилоти мавҷудаи соҳибкорон, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Видео : Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрӯз, 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзиши маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳозирин ва кулли сокинони вилоятро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳор намуд, ки ин лаҳзаҳо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  давоми  мантиқии ҷашни бузурги умумимиллӣ 20-умин  солгарди қабули Консититутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон суруру шодмонӣ таҷлил мегардад.

Қадршиносӣ аз ғолибони озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014

( 1 Овоз )

Қадршиносӣ аз ғолибони озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи ҷурналистӣ дар соли 2014

Видео : Қадршиносӣ аз ғолибони озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014 Имрӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ғолибони озмуни вилоятӣ   барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014 таҳти унвони «Инсон, замон ва ҷомеа» бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.

Зимни суханронии худ дар ҳузури рӯзноманигорони расонаҳои хабарӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар ҷомеаи муосир нақши иттилоот ҳамчун як рукни маънавиёт басо муҳим буда, касби рӯзноманигорӣ яке аз касбҳои бонуфуз ва дар айни ҳол масъулиятталаб ба ҳисоб меравад.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятДар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят, ки рӯзи шанбеи 22 ноябр доир гардид, 36 нафар сокинон пазируфта шуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру навоҳии Исфара – 1 нафар, Мастчоҳ – 8 нафар, Ҷаббор Расулов – 7 нафар, Зафаробод – 4 нафар, Конибодом – 3 нафар, Спитамен – 2 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 3 нафар, Ашт – 2 нафар, Истаравшан – 1 нафар, Чкалов – 1 нафар, Ғончӣ - 1 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ – 1 нафар, Истиқлол – 1 нафар, Панҷакент – 1 нафар ба Раиси вилоят муроҷиат намуданд.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят