Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Навиди Раиси вилоят

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони аҳли зиё

( 0 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони аҳли зиё

Видео : Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони аҳли зиё Дар арафаи соли нави мелодӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар қароргоҳи Сарвари давлат, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо гурӯҳи калони  шоирону нависандагон, ходимони давлатию ҷамъиятии вилоят мулоқоти гарму самимӣ орост.

Нахуст дар ҷараёни сӯҳбат Раиси вилоят аз талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бонизоми самтҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар ёдовар гашта, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри пиёда намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

А. Қодирӣ: Мактаби вилоятии футбол таъсис дода мешавад

( 0 Овоз )

А. Қодирӣ: Мактаби вилоятии футбол таъсис дода мешавад

Видео : А. Қодирӣ: Мактаби вилоятии футбол таъсис дода мешавад Мавсими имсолаи чемпионати миллии мамлакат оид ба футбол байни  дастахои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар чемпионати мазкур дастаи «Хуҷанд» - и Хуҷанд бо гирифтани 32 имтиёз мақоми чорумро ишғол кард.

Бо мақсади баррасии фаъолият, бурду бохт ва тарҳрезии нақшаҳо дар мавсими навбатӣ санаи 29 декабр мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати клуби футболи «Хуҷанд» баргузор гашт.

Раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарият ва ҳайати дастаи «Хуҷанд» - и Хуҷанд мулоқот намуд. Ҳадаф аз ин мулоқот шиносоии наздик бо фаъолият ва бурду бохти даста дар мавсими имсолаи чемпионати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбеи 27 декабр 24 нафар шаҳрвандон ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят аз шаҳру навоҳии Хуҷанд – 9 нафар, Мастчоҳ – 5 нафар, Чкалов – 3 нафар, Панҷакент – 2 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 1 нафар, Исфара – 1 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ – 1 нафар, Айнӣ - 1 нафар, Истаравшан – 1 нафар пазируфта шуданд.

Сокинони асосан бо масоили замин ва баҳси он, кишоварзӣ, манзил ва баҳси он, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ, таъмин шудан бо оби полезиву нӯшокӣ ва ғайра муроҷиат намуданд.

Буҷети соли 2015 - 1 миллиарду 292 миллиону 850 ҳазор сомонӣ

( 0 Овоз )

Буҷети соли 2015 - 1 миллиарду 292 миллиону 850 ҳазор сомонӣДар ҷараёни иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум, ки субҳи имрӯз баргузор гашт, панҷ масъала мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарор гирифт. Дар ҷараёни иҷлосия асосан ҳисоботи Раиси вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли равон ва қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2015 баррасӣ гардид.

Рӯзномаи кори иҷлосия аз панҷ масъала, аз ҷумла ҳисоботи Раиси вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли равон, қабули буҷети вилоят барои соли 2015, номузории иншоот ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят иборат буд.

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

( 7 Овоз )

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Видео : Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратии  назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ  баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷаласа дар даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ташкилоту муассисаҳои вилоят, ки дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мебаранд, маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд. Тавре аён гардид, айни замон шумораи чунин коргоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар қаламрави вилоят зиёд буда, дар онҳо асосан истеҳсоли лампаҳои каммасраф, маҳсулоти гуногуни сохтмонии нигаҳдорандаи гармӣ, истифодаи самаранок аз нури офтоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Хонаи дуҳуҷрагӣ - тӯҳфаи Раиси вилоят ба Комроншоҳи Устопириён

( 1 Овоз )

Хонаи дуҳуҷрагӣ - тӯҳфаи Раиси вилоят ба Комроншоҳи Устопириён

Видео : Хонаи дуҳуҷрагӣ - тӯҳфаи Раиси вилоят ба Комроншоҳи Устопириён Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ варзишгари номии вилоят Комроншоҳи Устопириён ва мураббии ӯро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят зикр дошт, ки имрӯзҳо ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд. Ҳамаи ин натиҷаҳои назарраси варзишӣ аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машқу тамрини варзишгарон ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналхалқӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Натиҷаи чунин дастгириҳост, ки яке аз варзишгарони бомаҳорати вилоят Комроншоҳи Устопириён дар якчанд мусобиқаҳои байнамлмиллалӣ Парчами Тоҷикстонро боло бардоштааст.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят