Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Навиди Раиси вилоят

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 1 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбеи 19 июл 28 нафар сокинон ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан – 8 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 8 нафар, Хуҷанд – 5 нафар, Чкалов – 3 нафар, Исфара – 1 нафар, Ғончӣ - 1 нафар, Конибодом – 1 нафар, Айнӣ - 1 нафар  ба қабули Раиси вилоят омаданд.

Шаҳрвандон асосан бо масоили замин ва баҳси он – 5 нафар, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ - 5 нафар, таъмири роҳ – 3 нафар, созтмон – 3 нафар, таъмин шудан бо ҷои корӣ - 2 нафар ва иддае бо масоили гуногун ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Суғд

( 1 Овоз )

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Суғд

Видео : Сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Суғд

Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни сафар Қоҳир Расулзода нахуст дар ноҳияи Зафаробод бо вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати таъминоти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо об шинос шуд.

Тавре маълум гардид, силсилапойгоҳҳои обкашии “Мирзочул” дар айни замон бо дарназардошти паст будани сатҳи оби дарёи Сир фаъолияти пурра надошта, заминҳои таиноти кишоварзии ноҳияро ба миқдори зарурӣ бо об таъмин намекунад.

Имзои созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Суғду Олтой

( 0 Овоз )

 Имзои созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Суғду Олтой

Санаи 11 июл дар бинои мақомоти давлатии кишвари Олтой мулоқоти расмии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва губернатори кишвари Олтой Александр Карлин баргузор гашт.

Зимни мулоқот Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми Олтой изҳори сипос намуд. Раиси вилоят ҳамчунин аз натиҷаи дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят маълумот дода, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои муҳайё намудани шароитҳои мусоид ҷиҳати густариши ҳамкориҳо изҳор намуд.

Вохӯрии Раиси вилоят бо намоянадагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик дар Олтой

( 4 Овоз )

Вохӯрии Раиси вилоят бо намоянадагони ҷамъияти тоҷикони ОлтойЗимни сафари корӣ дар шаҳри Барнаули кишвари Олтойи Федератсияи Россия Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони ҷамъияти Тоҷикон ва донишҷуёне, ки аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии ин кишвар таҳсил менамоянд, мулоқот орост.

Дар кишвари Олтой бинобар маълумоти оморӣ зиёда аз 5 000 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои тоҷиконе, ки зиндагии доимиро ихтиёр намуда, шаҳрвандии Русияро низ пазируфтанд, кор ва зиндагӣ менамоянд. Дар шаҳри Барнаули кишвари Олтой аз вилояти Суғд беш аз 200 нафар донишҷӯён таҳсили илм доранд, ки қисми зиёди онҳо дар донишгоҳи тиббии Барнаул таълим мегиранд.

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо соҳибкорони Олтой

( 0 Овоз )

Мувофиқи нақшаи пешбинишудаи сафари кории Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба кишвари Олтойи Федератсияи Русия мулоқоти роҳбари вилоят ва ҳайати намояндагони вилояти Суғд бо соҳибкорони кишвари Олтой баргузор гашт.

Вохурии соҳибкорон бо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар арафаи ба имзорасиии созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маъмурияти давлатии кишвари Олтой, ки яке аз бандҳои  асосии созишномаи мазкур ин ривоҷ додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва илмӣ - техникӣ мебошад, доир гашт.

Иштироки Раиси вилоят дар агрофоруми «Саҳрои Сибир - 2014»

( 1 Овоз )

Иштироки Раиси вилоят дар агрофоруми «Саҳрои Сибир - 2014»

Видео : Иштироки Раиси вилоят дар агрофоруми «Саҳрои Сибир - 2014»

Дар рӯзи дувуми сафари корӣ, санаи 10 июл Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳамроҳонаш дар форуми кишоварзони Сибир – «Саҳрои Сибир - 2014» иштирок карда, аз намоиши байналхалқии техника ва дастовардҳои муосири соҳаи хоҷагии қишлоқ дидан намуданд. Ин маъракаи муҳим соли ҷорӣ ба муносибати 60 - солагии азхудкунии заминҳои лалмии дашти Олтой бахшида шуда буд.

Олтой дорои зиёда аз 6 миллион гектар заминҳои корами ҳосилхез буда, он дар чорроҳаи иқтисодии байни кишварҳои Осиё ва Аврупо қарор дорад.

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят