Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Навиди Раиси вилоят

Маросими супоридани медалҳо ба хонандагони беҳтарин

( 4 Овоз )

Маросими супоридани медалҳо ба хонандагони беҳтарин

Видео : Маросими супоридани медалҳо ба хонандагони беҳтарин

Имрӯз, 5 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ду нафар хатмкардаи мактабҳои шаҳри Хуҷанд - Нафиса Мирзоҷамшедзода аз мактаби Гёте ва Хуршед Бобоҷонов аз муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Рустамов» Шаҳодатномаи аъло ва медалҳо супурда шуданд.

Шаҳодатнома ва медалҳоро ба толибилмони беҳтарини вилояти Суғд Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супорид.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбеи 2 август 29 нафар сокинон ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 12 нафар, Хуҷанд – 3 нафар, Зафаробод – 3 нафар, Ашт – 3 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 2 нафар, Истаравшан – 2 нафар, Ғончӣ - 2 нафар, Чкалов – 2 нафар ба қабули Раиси вилоят омаданд.

Шаҳрвандон асосан бо масоили замин ва баҳси он – 10 нафар, таъмин шудан бо оби нӯшокӣ ва полезӣ - 3 нафар, сохтмон – 3 нафар маориф – 2 нафар ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Оғози мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Оғози мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд

Видео : Оғози мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд

Нимаи дуюми рӯзи шанбе, 2 август дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев оғоз гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Зимни суханронии худ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ варзишгарон ва меҳмононро ба сарзамини бостонии Суғд хайрамақдам гуфт.

Абдураҳмон Қодирӣ Мариан Шимановичро ба ҳузур пазируфт

( 1 Овоз )

Абдураҳмон Қодирӣ Мариан Шимановичро ба ҳузур пазируфт

Видео : Абдураҳмон Қодирӣ Мариан Шимановичро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз, 29 июл Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон Мариан Шиманович ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи оғози марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сафари кории Сарвазири кишвар ба вилоят

( 0 Овоз )

Сафари кории Сарвазири кишвар ба вилоят

Видео : Сафари кории Сарвазири кишвар ба вилоят

Рӯзи душанбе, 28 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни сафари кории худ ба вилоят бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои гуногун шинос гардид.

Дар ин сафар Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзодаро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамроҳӣ намуд. Боздиди кории Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ҶДММ «Нанотех-М» - и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Таҷлили иди саиди Фитр дар Суғд

( 0 Овоз )

Таҷлили иди саиди Фитр дар Суғд

Видео : Таҷлили иди саиди Фитр дар Суғд

Субҳи рӯзи душанбе, 28 июл дар қатори мардуми шарифи Тоҷикистон сокинони вилояти Суғд низ бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ намози Фитрро барпо доштанд.

Дар ҳузури намозгузорони масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд ба номи Шайх Маслаҳаддин Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баромад намуда, кулли ҷамъомадагон ва мардуми вилоятро ба фарорасии иди саиди Фитр табрик намуд.

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят