Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Навиди Раиси вилоят

Табрикоти Раиси вилоят ба муносибати 80-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

( 3 Овоз )

Дар оғози сухан фарорасии 80-умин соли таъсиси ин боргоҳи маърифат - Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро барои ҳар яки Шумо сидқан таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тавфиқ дар ҷодаҳои илму  ирфон ва ҳосили дастовардҳои шоёни таълимиву маърифатӣ, комгориву садоқати афзун бар андӯхтаҳои тафаккури башариро таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки имсол таҷлили 80 - солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  бо гиромидошти таърихи ҳумоюни 20-уми солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам афтодааст, ки воқеан ин амр фоли нек ва далели манзалати олии маърифатии ин боргоҳи илму ирфон ба шумор меояд.

Рӯзи қабули шаҳрвандон дар шаҳри Чкалов

( 1 Овоз )

Дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  бошандагони шаҳри Чкаловро қабул кард ва арзу шикоят, пешниҳоду дархости ононро гӯш андохт.
Нахуст Раиси вилоят ба маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи навбунёди "Дидор" омада, ба фаъолияти он ҳусни ифтитоҳ бахшид. Иншоотро, ки қади шоҳроҳи Хуҷанд- Fафуров қомат афрохт, соҳибкор Абдуқуддус Умаров бо масрафи бештар аз 360 ҳазор сомонӣ бунёд кардааст. Дар ин ҷо барои истироҳат, гузаронидани вақти холӣ, ташкили тӯю маъракаҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Баробари ин дар ин нуқтаи хизматрасонӣ 20 нафар бо ҷойи доимии корӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Қоҳир Расулзода барои саҳми муносибаш дар рушди соҳибкорӣ ба Абдуқуддус Умаров сипос гуфт ва барори кору рӯзгорашро орзу кард .

Табрики Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ

( 2 Овоз )

Табрики Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣЯке аз нишонаҳои беҳтарини ғамхории давлати  соҳибистиқлол ва биҳиштдомони Тоҷикистон нисбати коркунони соҳаи кишоварзӣ он аст, ки ҳар сол айёми тирамоҳи пурфайз  Рӯзи кишоварзон ба таври хотирмон таҷлил мегардад.

Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёт саҳми арзанда мегузоранд. Зеро рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвари азизамон хеле муҳим буда, чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур эътибори хоса зоҳир намуда, борҳо қайд кардаанд, ки соҳаи кишоварзӣ барои мамлакати мо яке аз соҳаҳои манфиатовар ва муҳимтарин ба шумор меравад.

Хатнасури 70 нафар кӯдакон ва тӯи се оилаи навбунёд бо иштироки Раиси вилоят

( 1 Овоз )

ХатнасурБо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 6 октябри соли равон маросими хатнасури  70 нафар  кӯдакон  ва тӯйи арӯсу домодии се ҷуфти нав аз оилаҳои камбизоат  дар чойхонаи миллии  Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»  баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд, муовини авали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  соҳибҷашнҳоро самимона бо ин санаи хотирмон ва фарорасии 20-солагии Иҷлосияи таърихи  XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику муборакбод гуфт.

Боздиди кории Қоҳир Расулзода аз муассисаи давлатии Қасри фарҳанги Арбоб

( 0 Овоз )

АрбобИмрӯз Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз муассисаи давлатии   Қасри фарҳанги Арбоб боздиди корӣ анҷом дод. Ёдовар мешавем, ки дар ин иншоот ба муносибати 20-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки дар ҳамин макон баргузор шуда буд, корҳои азнавбарқароркунӣ идома доранд.

Мастчоҳ- пахтазор интизори чидан аст

( 0 Овоз )

Мастчоҳ- пахтазор интизори чидан астРаиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод. Боздиди корӣ нишон дод, ки дар масъалаи ҷамъоварии тиллои сафед дар ноҳия норасоиҳо ҷой доранд.

Зимни сафари корӣ Раиси вилоят Қоҳир Расулзода нахуст майдонҳои пахтазори ноҳияи Мастчоҳро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Дар ноҳияи Мастчоҳ соли ҷорӣ дар майдони 11244 гектар пахта кишт намудаанд. Деҳқонони ноҳия имсол мутобиқи нақша азм доранд, ки зиёда аз 24800 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят