Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Навиди Раиси вилоят

Мастчоҳ- пахтазор интизори чидан аст

( 0 Овоз )

Мастчоҳ- пахтазор интизори чидан астРаиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод. Боздиди корӣ нишон дод, ки дар масъалаи ҷамъоварии тиллои сафед дар ноҳия норасоиҳо ҷой доранд.

Зимни сафари корӣ Раиси вилоят Қоҳир Расулзода нахуст майдонҳои пахтазори ноҳияи Мастчоҳро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Дар ноҳияи Мастчоҳ соли ҷорӣ дар майдони 11244 гектар пахта кишт намудаанд. Деҳқонони ноҳия имсол мутобиқи нақша азм доранд, ки зиёда аз 24800 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Раиси вилояти Суғд Мирослав Антлро қабул намуд

( 1 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Мирослав Антлро қабул намудИмрӯз ҳайъати меҳмонон  бо ҳамроҳии Раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия  ҷаноби Мирослав Антл ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Зимни мулоқот  Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  Раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия  ҷаноби Мирослав Антл ва ҳайъати ҳамроҳонашро ба вилоят хайра мақдам гуфта аз раванди созандагиву бунёдкориҳо дар вилоят, омодагӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо  изҳори назар намуд. Ҷаноби Мирослав Антл низ дар навбати худ  бобати густариши ҳамкориҳои ҳаматарафаи судманди Тоҷикистону Чехия нақшаву ниятҳои худро баён дошт.

Ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оиди омодагӣ ба фасли зимистон

( 0 Овоз )

ҶаласаДар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов омодагӣ ба фасли зимистони солҳои 2012-2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пас аз сухани ифтитоҳии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дар бобати қарори ба тасвибрасида, яке аз масъалаи муҳим арзёбӣ гардидани давраи зимистонгузаронӣ, барои некӯаҳволии халқ муҳайё сохтани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, бо ин мақсад тартиб додани нақша-чорабинӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимиву тиббӣ изҳори ақида намуд.

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ғончӣ

( 0 Овоз )

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи ҒончӣРаиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ғончӣ сафари корӣ анҷом дод.Нахуст Раиси вилоят  бо картошкапарварони  хоҷагиҳои деҳқонии «Янгиариқи боло» мулоқот намуда, бо ҷараёни чидани ҳосил ва дигар масъалаҳои иҷтимоии сокинони ин минтақа ошно шуд.

Маҷлиси кории Раиси вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Маҷлиси кории Раиси вилояти СуғдИмрӯз дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки  Раиси вилояти Суғд  Қоҳир Расулзода, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар он  масъалаҳои муҳими рӯзмарра  аз қабили  вусъат бахшидани маъракаи ғунучини ҳосили пахта, сафарбар намудани ҳашарчиён аз шаҳру навоҳии саноатӣ ,   омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ,  захира намудани сӯзишворӣ ва ангишт,

Боздиди Раиси вилоят аз иншооти ҷашнӣ

( 0 Овоз )

Боздиди Раиси вилоят аз иншооти ҷашнӣСанаи 15-уми сентябри соли 2012 Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шинос шудан аз рафти корҳои ободонӣ ва азнавбарқароркунии Қасри «Арбоб» аз ин мавзеъ боздиди корӣ анҷом дод. Раиси вилоят пеш аз ҳама, ба раванди ободонии  саҳни иншооти таърихӣ, аз ҷумла бунёди фаввораҳо  мароқ зоҳир карда, оид ба сари вақт ба анҷом расонидани  корҳои васлкунии хатти обгузаронӣ ва рангу бори фаввораҳо изҳори нигаронӣ кард.

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят