Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 16.02.2018 15:18
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдо барои донишҷуён курсҳои забономӯзии ройгон ташкил шудааст - 16.02.2018 14:43
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавбарқароркунии хобгоҳи сарбозон - 16.02.2018 14:39
ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ШӮРОИ УЛАМО РОҶЕЪ БА ТАЪСИСИ «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР - 16.02.2018 08:31
Ташкили ҳамоиши “Заҳмати дастони модар” ва аёдати сарбозон дар Зафаробод - 15.02.2018 16:35
Ба таваҷҷуҳи хабарнигорон! - 15.02.2018 16:34
Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд - 15.02.2018 16:32
Маросими гулгузорӣ дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал - 15.02.2018 11:15
Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ - 14.02.2018 14:15
Истеҳсол ва бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 14.02.2018 12:10

Навиди Раиси вилоят

Боздиди кории Қоҳир Расулзода аз муассисаи давлатии Қасри фарҳанги Арбоб

( 0 Овоз )

АрбобИмрӯз Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз муассисаи давлатии   Қасри фарҳанги Арбоб боздиди корӣ анҷом дод. Ёдовар мешавем, ки дар ин иншоот ба муносибати 20-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки дар ҳамин макон баргузор шуда буд, корҳои азнавбарқароркунӣ идома доранд.

Мастчоҳ- пахтазор интизори чидан аст

( 0 Овоз )

Мастчоҳ- пахтазор интизори чидан астРаиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод. Боздиди корӣ нишон дод, ки дар масъалаи ҷамъоварии тиллои сафед дар ноҳия норасоиҳо ҷой доранд.

Зимни сафари корӣ Раиси вилоят Қоҳир Расулзода нахуст майдонҳои пахтазори ноҳияи Мастчоҳро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Дар ноҳияи Мастчоҳ соли ҷорӣ дар майдони 11244 гектар пахта кишт намудаанд. Деҳқонони ноҳия имсол мутобиқи нақша азм доранд, ки зиёда аз 24800 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Раиси вилояти Суғд Мирослав Антлро қабул намуд

( 1 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Мирослав Антлро қабул намудИмрӯз ҳайъати меҳмонон  бо ҳамроҳии Раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия  ҷаноби Мирослав Антл ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Зимни мулоқот  Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  Раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия  ҷаноби Мирослав Антл ва ҳайъати ҳамроҳонашро ба вилоят хайра мақдам гуфта аз раванди созандагиву бунёдкориҳо дар вилоят, омодагӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо  изҳори назар намуд. Ҷаноби Мирослав Антл низ дар навбати худ  бобати густариши ҳамкориҳои ҳаматарафаи судманди Тоҷикистону Чехия нақшаву ниятҳои худро баён дошт.

Ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оиди омодагӣ ба фасли зимистон

( 0 Овоз )

ҶаласаДар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов омодагӣ ба фасли зимистони солҳои 2012-2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пас аз сухани ифтитоҳии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дар бобати қарори ба тасвибрасида, яке аз масъалаи муҳим арзёбӣ гардидани давраи зимистонгузаронӣ, барои некӯаҳволии халқ муҳайё сохтани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, бо ин мақсад тартиб додани нақша-чорабинӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимиву тиббӣ изҳори ақида намуд.

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ғончӣ

( 0 Овоз )

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи ҒончӣРаиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ғончӣ сафари корӣ анҷом дод.Нахуст Раиси вилоят  бо картошкапарварони  хоҷагиҳои деҳқонии «Янгиариқи боло» мулоқот намуда, бо ҷараёни чидани ҳосил ва дигар масъалаҳои иҷтимоии сокинони ин минтақа ошно шуд.

Маҷлиси кории Раиси вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Маҷлиси кории Раиси вилояти СуғдИмрӯз дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки  Раиси вилояти Суғд  Қоҳир Расулзода, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар он  масъалаҳои муҳими рӯзмарра  аз қабили  вусъат бахшидани маъракаи ғунучини ҳосили пахта, сафарбар намудани ҳашарчиён аз шаҳру навоҳии саноатӣ ,   омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ,  захира намудани сӯзишворӣ ва ангишт,

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят