Хабарҳо
Кабирї аз ислом даст кашид, аммо боз њам касе ба ў бовар накард (Ё чаро љамъомади нањзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?) - 18.07.2018 10:36
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24

Навиди Раиси вилоят

Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят

( 0 Овоз )

Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят

Видео : Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят Дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракат, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, имрӯз, 28 январ доир гардид, фаъолияти Шӯро дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои аъзои ҳаракат барои соли равон муайян гардиданд.

Дар оғози ҷаласа бо назардошти ба амал омадани тағиротҳои кадрӣ чанд нафар аъзои нави Шӯро пешниҳод ва қабул карда шуданд.

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд

Видео : Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд Имрӯз, 28 январ дар қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Шӯро, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сурат гирифт. Дар кори Шӯро аъзои он аз қабили намояндагони аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва кормандони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ҷаласа як масъала – ҷамъбасти фаъолияти Шӯро дар соли 2014 ва тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2015 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо нозирони САҲА

( 0 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилоят бо нозирони САҲА

Видео : Мулоқоти Раиси вилоят бо нозирони САҲА Имрӯз, 27 январ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайъати нозирони дарозмуддати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Ларс Полсен, Пол Уессон, Апалония Вершур ва Ёрген Беклундро, ки бо мақсади назорат ва иштирок дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар – интихоботи парлумонии моҳи март ба вилоят ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Мақсад аз мулоқот муаррифии гурӯҳи кории нозирони байналмилалӣ ва нақшаҳои фаъолияти онҳо ба ҳисоб рафта, ҷонибҳо масъалаи омодагиҳоро ба интихобот мавриди баррасӣ қарор доданд.

Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ меафзояд

( 0 Овоз )

Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ меафзояд«Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад» - изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар Истиқлол сохтмони корхонаи металлургии истеҳсоли металли сурбу руҳ идома дорад

( 0 Овоз )

Дар Истиқлол сохтмони корхонаи металлургии истеҳсоли металли сурбу руҳ идома дорад«Инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, аз ҷумла соҳаҳои коркард ҳамчун таъминкунандаи рушди иқтисод аз сатҳи таъминот бо ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи технологияҳои муосир вобастагии амиқ дорад» - таъкид намуд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба таъкиди Сарвари давлат дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат доир ба рушди соҳаҳои зикршуда корҳои назаррас анҷом ёфта, тавассути воридоти техникаву технологияҳои муосир солҳои 2012-2014 зиёда аз 1000 коргоҳҳои доимӣ, мавсимӣ, инчунин корхона ва иқтидорҳои нав таъсис дода шудаанд.

Соли 2015 дар кишвар "Соли оила" эълон гардид

( 16 Овоз )

Соли 2015- Соли оила эълон гардидҲукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.

Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем - иброз дошт, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Парлумон.

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят