Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50
Варзишгарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 218 медали тилло ба даст овардаанд - 16.08.2017 09:29
Дар шаҳри Гулистон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 16.08.2017 09:21
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор мешавад - 15.08.2017 14:09
Саёҳати як гурӯҳ сокинони вилояти Суғд дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода - 15.08.2017 09:08
Дастаи “Хуҷанд” аз дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе шикаст хӯрд - 14.08.2017 15:49
Ҷаласаи 15 – уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад - 14.08.2017 14:07
Беш аз 100 нафар омӯзгорон ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 14.08.2017 09:21
Боз як филми нав аз “Суғдсинамо”. Нахустнамоиши “Тангно” моҳи сентябр баргузор мешавад - 14.08.2017 09:20
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - 14.08.2017 09:18

Навиди Раиси вилоят

Иштирок дар ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ

( 3 Овоз )

Видео ::Иштирок дар ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ.
Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, мактаби замонавии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин деҳаи дурдасти кӯҳистони Зарафшон бо шукгузорӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Муаррифии раиси нави ноҳияи Мастчоҳ

( 2 Овоз )

 

Имрӯз  дар  ноҳияи Мастчоҳ  маросими муаррифии раиси нави ноҳия баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки  бо фармони Президенти мамлакат аз санаи 30-юми   октябри  соли равон  раиси ноҳия А. Ҳикматов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда  шуд. Ба ҷои ӯ  бо фармони дигари  Президенти мамлакат  Эмомалӣ  Раҳмон Мирзоаҳмад Аҳмадзода  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин карда шуд. Фармонҳои сарвари  давлатро Раиси вилоят Қохир Расулзода қироат намуд.

Машварати корӣ бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд

( 3 Овоз )

29.10.2012,  шаҳри Қайроққум

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят дар 9 моҳи соли равон ва нақшаҳои оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии таҳлилӣ аз рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилояти Суғд дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба таъмини вусъати бештари корҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Суханронӣ ва мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

( 3 Овоз )

29.10.2012, шаҳри Қайроққум

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки шумо медонед, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бахусус дар марҳалаи кунунии рушди кишварамон роҳбарияти давлат ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони кишвар беш аз пеш таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон пайваста азму талош менамояд.

Идомаи боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд

( 2 Овоз )

29.10.2012, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Дар яке аз маҷмааҳои истеҳсолии минтақаи саноатии қисмати шарқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдухалил Раҳимов бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва бо ин шумораи коргоҳҳои он ба 8 адад расид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар коргоҳҳои гуногуни ин маҷмаа беш аз 200 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд.

Иштироки Президенти кишвар дар ифтитоҳи мактаби Иршод,толори варзишӣ ва майдони яхи сунъӣ дар шаҳри Хуҷанд

( 2 Овоз )

 

29.10.2012 16:05, шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби хусусии таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуд, ин мактаб аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ – падару писар Абдуалӣ ва Абдумалик Қурбоновҳо бунёд ёфта, бо 25 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз барои 500 нафар хонандагони хушлаёқат дар 2 баст пешбинӣ шудааст.

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят