Имзои тафоҳумнома барои эҳёи бозии чавгон

( 0 Овоз )

Имзои тафоҳумнома барои эҳёи бозии чавгонДар бошгоҳи Қасри Фирӯзкӯҳ, воқеъ дар шаҳри Теҳрони кишвари Эрон бозии рамзии чавгон миёни тимҳои “Душанбе” ва “Теҳрон” сурат гирифт, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш иштирок намуданд.

Сипас бо ҳузури Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва масъулини Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон тафоҳумномае дар хусуси омӯзиши бозии чавгон ба тоҷикон ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки бо далели аҳмияти фарҳангӣ ва таърихии бозии чавгон ва ҷойгоҳе, ки он дар ҳунар, адабиёт ва таърихи мо дорад ва аз онҷо ки дар осори бузургоне чун Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва дигар адибони тоҷику форс борҳо аз калимаҳое чун чавгон, гӯй ва майдон ёд шудааст, ин бозии фарҳангӣ дар Тоҷикистон низ эҳё мешавад.

Ҷонибҳо бо имзои тафоҳумнома иқдомоти заруриро барои эҳёи бозии чавгон замина гузоштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Имзои тафоҳумнома барои эҳёи бозии чавгонИмзои тафоҳумнома барои эҳёи бозии чавгонИмзои тафоҳумнома барои эҳёи бозии чавгон

Share