Боз як қаҳрамони тоҷик дарёфт шуд

( 0 Овоз )
Боз як қаҳрамони тоҷик дарёфт шуд
Боз як қаҳрамони тоҷик дарёфт шуд
Боз як қаҳрамони тоҷик дарёфт шуд
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар арафаи 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм қаҳрамонии боз як фарзанди тоҷик Қўчқорбой Канаев, ки соли 1944 бо ордени “Барои шуҷоат” сарфароз гардонида шуда буд, дарёфт гардид.

Ордени ин фарзанди шуҷои Ватан, ки дар марзи Ҷумҳурии Белорус зимни корҳои ҷустуҷўӣ чанде қабл ёфт гардида буд, дар фазои тантанавӣ ба наздиконаш тақдим гардид.

Ба ин муносибат дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Қайроққум ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Сафири фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Қозидавлат Қоимдодов баргузор гашт.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур собиқадорони ҷангу меҳнат, наздикону пайвандони Қўчқорбой Канаев ва насли ҷавон иштирок доштанд. Нахуст Раиси вилоят зикр дошт, ки қаҳрамониҳои бемисли фарзандони тоҷик дар ҳама давру замон қадр карда шуда, имрўзҳо низ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти ғамхории бевоситаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ин аст, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат ба онҳо мунтазам кўмаку тўҳфаҳои идона дастрас карда мешавад.

Қўчқорбой Канаев зодаи деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум буда, соли 1943 барои ҳимояи Ватан ба майдони ҷанг рафтааст. Номбурда дар якчанд муҳорибаҳои хунин иштирок намуда, аз худ як қатор корнамоиҳо нишон додааст.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Қозидавлат Қоимдодов зикр дошт, ки соли равон зимни корҳои ҷустуҷўӣ қабри 68 нафар иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсўз дарёфт гардид. Зимни корҳои ташхиси лабораторӣ ва аз рўи ҳуҷҷатҳои шахсӣ муайян гашт, ки яке аз онҳо фиристодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қўчқорбой Канаев мебошад. Номбурда соли 1944 зимни амалиёти махсус зиёда аз 15 нафар аскарони немисро несту нобуд менамояд ва ба ин васила ба ақибнишинии душман заминаи мустаҳкам мегузорад. Ин корнамоии шаҳрванди Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ўро бо ордени “Барои шуҷоат” сарфароз мегардонанд.

Дар чорабинӣ як қатор собиқадорони ҷангу меҳнат бо тўҳфаҳои Раиси вилоят қадршиносӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share