Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 1 Овоз )
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

Рӯзи шанбе, 15 ноябр 36 нафар сокинони вилоят ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят аз шаҳру навоҳии Хуҷанд – 2 нафар, Ғончӣ - 18 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 5 нафар, Истаравшан – 2 нафар, Зафаробод – 2 нафар,  Мастчоҳ – 2 нафар, Исфара – 1 нафар, Айнӣ - 1 нафар, Ашт – 1 нафар, Қайроққум – 1 нафар, Ҷаббор Расулов – 1 нафар пазируфта шуданд.

Сокинон асосан бо масоили замин ва баҳсҳои вобаста ба он, сохтмон, нафақа, таъминот бо оби полезиву нӯшокӣ ва ғайра ба роҳбарият муроҷиат намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share