Бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Видео : Бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд

Имрӯз бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ, ки соли 1938 бунёд ёфтааст, пас аз таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Таъмири бино аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сурат гирифта, беморхона ҳамзамон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. Ба ин беморхона муҳтоҷони табобат аз тамоми гӯшаю канори вилоят муроҷиат мекунанд ва ба онҳо 300 нафар кормандон ва мутахассисони соҳибтаҷриба хизмати тиббӣ мерасонанд.

Бояд гуфт, ки аксари беморхонаҳои вилоят солҳои зиёд бар асари таъмир нашудан дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштанд. Инак тибқи нақшаи дарозмуддати мақомоти иҷроия таъмиру азнавсозии онҳо ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят зимни суханронии худ дар назди кормандони беморхона таъкид намуд, ки бо мусоидати мақомоти иҷроия дар ояндаи наздик муаммоҳои дигари табобатгоҳ аз қабили барқарорсозии системаи ягонаи гармидиҳӣ, таъминоти он бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ, мошини ёрии таъҷилӣ ва ғайра ҳал карда мешаванд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба роҳбарияти ин муассисаи тиббӣ тавсия дод, ки барои фаъолият ба беморхона кадрҳои ҷавон ҷалб гарданд ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам боло бурда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share