Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

Рӯзи шанбе, 6 сентябр дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 33 нафар шаҳрвандон пазируфта шуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд - 9 нафар, Мастчоҳ - 6 нафар, Бобоҷон Ғафуров - 6 нафар, Истаравшан - 1 нафар, Қайрроққум - 1 нафар, Зафаробод - 1 нафар, Чкалов - 2 нафар, Исфара - 2 нафар, Спитамен - 1 Ғончӣ - 3 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ - 1 нафар ба қабули Раиси вилоят омаданд.

Шаҳрвандон асосан бо масоили замин ва баҳси он, сохтмон, маорифу тандурустӣ, сафари Ҳаҷ, Ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share