Хабарҳо
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21

Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон

( 0 Овоз )

Ба диққати занону духтарон расонида мешавад, ки барои дарёфти грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар озмун иштирок намоянд. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод гардад:

1. Ариза ба унвони Раиси комиссияи грантӣ.

2. Маълумот дар бораи соҳибкор:

-         шарҳи ҳоли соҳибкор;

-         нусхаи шиноснома;

-         2 дона акси 3x4;

-         нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

-         маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

-         маълумотнома дар бораи суратҳисоби бонкӣ ва қарздорӣ;

-         маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарздорӣ ва уҳдадориҳо;

-         маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ (оғози фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ).

  1. 3. Маълумот дар бораи лоиҳа:

-         номи лоиҳа;

-         тавсифи лоиҳа ва асосноккунии он;

-         мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеи бошад);

-         вазифаҳои лоиҳа;

-         муҳлати амалигардонии лоиҳа;

-         маблағҳои дархостшаванда;

-         макони амалигардонии лоиҳа;

-         саҳми соҳибкор;

-         буҷети лоиҳа;

Бо сомонӣ

Номгӯи хароҷотҳо

Нархи як номгӯй

Шумораи номгӯй

Давомнокӣ

Саҳми соҳибкор

Саҳми дигар ташкилотҳо

Маблағи пурсидашуда

Ҷамъ

1









2









-         натиҷаҳои пешбинишавандаи амалигардонии лоиҳа.

Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа, дар барномаи MS Word бо истифода аз ширифти Times New Roman андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод карда шавад.

  1. 4. Нақшаи татбиқи лоиҳа:

Номгӯи чорабиниҳо

Мӯҳлати иҷро

Шахси масъул

1

2

  1. 5. Оё Шумо таҷрибаи истифодабарии воситаҳои молиявии грантиро доред?

Агар ҳа, онро тавсиф намоед.

___________________________________________________________

  1. Грантҳо ба маблағи 10 000, 20 000, 30 000 ва 40 000 сомонӣ барои 80 нафар занони соҳибкор ҷудо карда мешавад.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Лоҳутӣ 14, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагиро аз сомонаи Кумитаи кор бо занон ва оила www.comwom.tj дастрас намоянд:

Қабули дархостҳо: аз 15 феврал то 18 марти соли 2021

Телефон барои тамос: (+992 37) 2213471



ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон