Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

"Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ". Бо ин ном миёни донишҷӯён​ озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

​Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои "Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020" дар вилояти Суғд​ миёни донишчӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳти унвони "Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 15 феврали соли 2019, № 71 ба тасвиб расид.

Тибқи низомномаи озмун хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд. Ҳангоми таҳияи мақолаҳо меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ бояд риоя карда шуда, маводи пешниҳодшаванда дар ҷое нашр нагардида бошад.

Муҳлати қабули маводҳо то 1 декабри соли 2019 сурат мегирад ва ғолибони озмун бо димлом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ (ҷойи якум), 1500 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 1000 сомонӣ (ҷойи сеюм) сарфароз гардонида мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба рақамҳои (83422) 4-68 - 04 ва 4 - 68 - 05 тамос бигиранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: НАВИД Эълонҳо "Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ". Бо ин ном миёни донишҷӯён​ озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад