Хабарҳо
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25
Шиносии Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи «Садаф» - 14.02.2020 14:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд - 14.02.2020 14:49
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумат ва чандин вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 14.02.2020 17:12
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен - 15.02.2020 09:19
Спитамен: Раҷаббой Аҳмадзода барқарқароркунандагони сохти конститусиониро аёдат намуд - 15.02.2020 10:25
Баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ - 15.02.2020 14:26

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят барои дарёфти гранти Раиси вилоят озмун эълон менамояд

( 1 Овоз )

Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дарёфти гранти Раиси вилоят дар соли 2019 озмун эълон менамояд.

Озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2019 гузаронида мешавад.

Грантҳои Раиси вилоят ба сокинони вилояти Суғд - занҳои ҳунарманд дода мешавад. Бофандагону дӯзандагон, армуғонсозону кулолгарон, чӯбкору ресандагон, читгару рассомон метавонанд лоиҳаҳои худро баҳри дарёфти гранти Раиси вилоят пешниҳод намоянд.

Грантҳо ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:

- 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

- 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;

- 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ.

Занони ҳунарманд ва эҷодкор метавонанд маълумоти иловагиро аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути телефони (83422) 4-65-37, 4-68-50 дастрас намоянд.

Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯй нест баррасӣ ва баргардонида намешавад.

Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо то санаи10 июни соли 2019.

 

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят барои дарёфти гранти Раиси вилоят озмун эълон менамояд