Ба таваҷҷуҳи тарроҳону дӯзандагон! Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Ба таваҷҷуҳи сокинони вилояти Суғд, бахусус тарроҳону дӯзандагон расонида мешавад, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба «Солҳоирушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад.

Озмун аз рӯи бахшҳои зерин сурат мегирад:

- Беҳтарин либоси қадимаи чакан;

- Беҳтарин либоси кўдакона;

- Беҳтарин либоси рўзмарра;

- Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона;

- Беҳтарин либоси расмӣ;

- Беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ.

Иштирокчиёни Фестивал-озмун бояд дар либос ва сўзанидўзиҳо паҳлўҳои то ҳанўз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллии ин ё он маҳал,санъати асили гулдўзӣ, сўзанидўзӣ, тоқидўзӣ, навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намоянд.

Довталабон бояд ҳангоми омодасозии либос аз матоъҳои якранг, атласу адрас ва алоча истифода бурда, дар он нақшу нигори миллии чакан ва гулдўзиро таҷассум созанд.

Синну соли иштирокчиён то 40 сола муқаррар гардида, занону ҷавондухтарон барои иштирок дар Фестивал-озмуни вилоятӣ қабул карда мешаванд.

Дархостҳо барои иштирок дар озмун ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қабул карда мешавад.

Маълумотииловагирометавонедтариқителефонҳоизерин дарёфт намоед:

(8 34 22) 4 65 37

(8 34 22) 4 68 50

(92) 980 47 55

Share