Ба таваҷҷуҳи ҳунармандон! Моҳи май озмуни вилоятии "Мисгарӣ ва оҳангарӣ" гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ моҳи майи соли равон дар вилоят озмуни вилоятии "Мисгарӣ ва оҳангарӣ" гузаронида мешавад.

Тавре аз кумитаи тадорукоти озмун иттилоъ доданд, ки озмуни вилоятии "Мисгарӣ ва оҳангарӣ" дар ду давр доир хоҳад шуд ва даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Иштирок дар озмун маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон метавонанд бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ иштирок намоянд.

Ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд. Ҳамзамон шахсоне, ки ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд бо диплому сипосномаҳо қадршиносӣ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share