Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" доир мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади тарғиби расму оинҳои миллӣ, ривоҷу равнақ додани анъанаҳои миллии бузкашӣ, аспдавонӣ ва бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз санаи 24-уми март дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии "Пойга" ва "Бузкашӣ" гузаронида мешавад.

Сокинон ва дӯстдорони ин навъи варзиш метавонанд дар ин мусобиқаҳо иштирок намоянд.

Иштирокчиёни фаъол ва ғолибони мусобиқаҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share