Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Қабули маводҳо ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2018» оғоз ёфт

( 0 Овоз )

Қабули маводҳо ба Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2018», ки дар оғози соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон гардида буд, оғоз ёфт.

Озмуни мазкур бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар баргузор карда мешавад.

Дар асоси Низомнома озмуни вилоятӣ соли равон аз рӯи номинатсияҳои “Масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ”, “Масъалаҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ” ва “Муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаву ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи байналмилалӣ(маводи чопиву интернетӣ ва видеоӣ)” гузаронида мешавад.

Журналистоне, ки ҳадафи иштирок дар ин озмунро доранд, метавонанд маводҳои худро аз 1 то 20 октябри соли равон, ки марҳилаи ниҳоии қабули маводҳост, ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, утоқи 435 пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: НАВИД Эълонҳо Қабули маводҳо ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2018» оғоз ёфт