Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Навиди Суғд

Таҷлили 80-солагии ДДХ дар маҷмааи «Хуррамшаҳр» баргузор мешавад

( 0 Овоз )

Таҷлили  ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  дар маҷмааи «Хуррамшаҳр»-и донишгоҳ   баргузор мегардад. Хотиррасон мешавем, ки дар ин хусус қарори  Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода таҳти №208 аз 21 августи соли 2012 ба имзо расида буд.  Бо назардошти нақши  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи кадрҳои баландихтисос, рушди илми муосир, тарғиби тамаддуни миллӣ  11  октябри соли равон  ҷашни  80- солагии ин боргоҳи маърифат ботантана гузаронида мешавад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои таҷлилӣ   дар давоми моҳҳои сентябр-октябр як силсила чорабиниҳо аз қабили ҳафтаи факултаҳо, вохӯриҳо ва маҳфилҳои саволу ҷавоб бо олимони варзида, хатмкунандагони солҳои мухталиф, тарғиб ва нашри мақолаҳо оид ба комёбиҳо, ба навор гирифтани филми ҳуҷҷатӣ,  ба чоп омода намудани монографияи илмӣ, китоби «Қомуси  олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» сурат гирифт.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

 

Қоҳир Расулзода санаи 9 октябр сокинони шаҳри Чкаловро қабул менамояд

( 0 Овоз )

Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 9 октябри соли равон, соати 09-00 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки ин тадбир  бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи воқеии зиндагии сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд  доир гардида истодааст. 
Сокинони шаҳри Чкалов метавонанд дар он бевосита иштирок намоянд ва ҳам арзу дархост, пешниҳодҳои худро ба нишонаи электронии  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ё худ тариқи телефонҳои (+3422) 6-72-03 қаблан  ирсол намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Бозиҳои ниҳоии «Ҷоми Тоҷикистон-2012» дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад

( 0 Овоз )

Бо мақсади таблиғу рушдиу инкишофи футбол дар вилояти Суғд  бозии ниҳоии «Ҷоми Тоҷикистон-2012» дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, рӯзи 5 октябр, соати 14.00  баргузор мегардад.

Дар бозӣ ду дастаи беҳтарини  Тоҷикистон, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАз»-и шаҳри Турсунзода  иштирок менамоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Иҷлосияи ёздаҳуми маҷлиси вакилони халқи вилоят баргузор мегардад

( 0 Овоз )

Тибқи қарори Раиси вилоят № 258 аз  28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ёздаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати IV санаи 11 октябр соати 8.00 баргузор мегардад.
Ба баррасии  иҷлосия  масъалаҳои зерин пешниҳод шудаанд:

- оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 апрели соли 2012,№180 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;

-   ҳисоботи комиссияи доимии  ёздаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет;

- ҳисоботи  вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Дӯстӣ» №44 Неъматов Муҳаммадҷон  оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ;

- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

- дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи  маҳаллии таъмиру тармими  майдонча ва толорҳои  варзишӣ  барои солҳои  2012-2015»;

- дар бораи қабули буҷети иловагии вилоятӣ барои соли 2012;

- тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

Даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ

( 0 Овоз )

Бо мақсади беҳтар намудани чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонони синни тодаъватӣ дар вилоят қарори Раиси вилоят аз 20 сентябри соли равон №247 «Дар бораи натиҷаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тайёрии тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар соли таҳсили 2011-2012 ва вазифаҳои минбаъда барои соли таҳсили 2012-2013» ба имзо расид.

Дар ин замина Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят доир ба беҳтар намудани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин моҳе як маротиба бо иштироки роҳбарони омодагии дифои ҳарбӣ ва тиббӣ-санитарии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ машғулиятҳои дастурӣ-методии якрӯза гузаронанд.

Бояд қайд намуд, ки қарори Раиси вилоят аз 25 августи соли 2011, №280 «Дар бораи натиҷаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тайёрии тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар соли таҳсили 2010-2011 ва вазифаҳои минбаъда барои соли таҳсили 2011-2012» аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳамчунин қарори Раиси вилоят аз 20 сентябри соли 2012, №248 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои тавллудашон 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2012» ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

ШУМО ДАР: Навиди Суғд