Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Навиди Суғд


Суғд: Ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2293 иншоот ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 дар вилояти Суғд бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 2471 иншоот пешбинӣ шуда, дар ёздаҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, кумитаи падару модарони муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2293 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Бо бунёди иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ қишрҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонашин бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд ва ин тадбирҳо барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоии деҳоти шаҳру ноҳияҳо мусоидат намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими беш аз 7000 иншоот бо шумули  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, қасрҳои фарҳангӣ, 39 боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, китобхонаҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, дорухонаҳо, сартарошхонаву ҳаммом ва кошонаҳои ҳусн, марказҳои савдову  хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, меҳмонхонаҳо ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Суғд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 миллиарду 379,2 миллион сомонӣ расонида шуд

( 0 Овоз )

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд дар моҳҳои январ - ноябри соли 2019 ба 11 миллиарду 379,2 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо дар сатҳи 109,0 фоизи ҳамин даври соли сипарӣ таъмин гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши қобилияти содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои муассир дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ - ноябри соли 2019 истеҳсоли орд ба 259,0 ҳазор тонна, равғани растанӣ ба 4178,6 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ ба 71,3 ҳазор тонна ва нӯшокиҳои беспирт ба 5,77 миллион декалитр расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ мутаносибан 30,3 ҳазор тонна, 786,8 тонна, 7,6 ҳазор тонна ва 1,07 миллион декалитр зиёд мебошад. Истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба теъдоди 442472 адад таъмин гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 51707 адад зиёд мебошад. Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас буда, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 19,5 миллион қуттии шартӣ баробар шуда, суръати афзоиш 114,3 фоиз таъмин гардид.

Истеҳсоли ангиштсанг нисбат ба соли гузашта 115,4 ҳазор тонна афзуда, дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 1,7 миллион тонна расонида шуд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2019 ба истифода додани 100 корхонаи нави саноатӣ дар назар дошта шуда, давоми 11 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 102 корхонаи нав бо 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати химия, металлургия, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва сабук таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Ҷаласаи Шӯрои рушди саноат дар назди Раиси вилояти Суғд

( 0 Овоз )

27 декабри соли 2019 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи Шӯрои рушди саноат дар назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид

( 0 Овоз )

27 декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гашт, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ,​ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андозу молия, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» аз номи Пешвои миллат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа мегардад

( 0 Овоз )

Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мардуми мамлакатро ҳидоят намуданд, ки  «мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».

Дар робита ба ин, Пешвои миллат  аз иқдоми наҷибашон  паём дода, зикр карданд, ки «ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намояд».

Сарвари давлат ҳамчунин  вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳоро  вазифадор карданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.

«Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми мамлакат  гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард», -таъкид намуданд Пешвои миллат.

 

ШУМО ДАР: Навиди Суғд