Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Навиди Суғд


Суғд: Ба маблағи 29,9 миллион доллари ИМА 676 243 тонна семент содирот шуд

( 0 Овоз )

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 1 миллиарду 841,8 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 1 миллиарду 432,5 миллион доллар ва содирот 409,3 миллион доллари ИМА баробар шуд.

Комёбии назаррас дар самти содирот бамаротиб афзудани содироти семент мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба миқдори 676 243 тонна семент ба маблағи 29,9 миллион доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 мутаносибан 241204 тонна ва 9,8 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

Ҳаҷми содироти маъдан дар ин давра ба 249,7 миллион доллари ИМА баробар шуда, дар маҷмӯъ 264,1 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба содирот бароварда шудааст.

Ҳамзамон, аз вилоят ба маблағи 9,7 миллион доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 5,04 миллион доллари ИМА ба миқдори 14338 тонна хушкмева ва ба маблағи 3,3 миллион доллари ИМА ба миқдори 53253 тонна пиёз ба бозорҳои беруна бароварда шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

( 0 Овоз )

27 декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Суғдиён» - и маркази вилоят​ ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 136 тонна маҳсулоти гуногун пешниҳоди сокинон гардонида шуд

( 0 Овоз )

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзи 28 декабр дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба тарбиятгирандагони мактаб – интернати махсус барои кўдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тўхтабой Ғаффоров либосҳои зимистона тақдим кард ​

( 0 Овоз )

29 – уми декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ аз мактаб – интернати махсус барои кўдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тўхтабой Ғаффорови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, тарбиятгирандагон ва мураббиёни мактаб-интернати мазкурро ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2020​ табрик гуфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд

( 0 Овоз )

29 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи соли нави мелодӣ тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстонро аёдат намуд.

ШУМО ДАР: Навиди Суғд