Хабарҳо
Бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба истифода дода шуд - 19.08.2019 13:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личун мулоқот намуданд - 19.08.2019 13:14
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ ба тасвиб расид - 19.08.2019 09:59
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб. Дар вилояти Суғд 5143 духтур ва 17393 корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд - 19.08.2019 09:53
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин - 16.08.2019 16:06

Навиди Суғд

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 29 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти гуногун ба ноҳияи Мастчоҳ сафар кард.

Баргузори Фестивали вилоятии яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан. Дар Суғд 459,4 тонна яхмос ва 2,7 миллион декалитр нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол гардид

( 0 Овоз )

Рӯзи шанбеи 29 июл бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар майдони назди Театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят Фестивали вилоятии яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан баргузор гардид.

Хол Ҳайдар, муовини якуми Раиси вилоят зимни иштирок дар чорабинӣ қайд намуд, ки тахминан 83 фоизи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан дар вилоят аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби зулол» ва истеҳсоли 43 фоизи яхмос дар ҳудуди вилоят ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Яхмоси 33» рост меояд. Дар баробари ин соҳибкорони инфиродӣ ва ҷамъиятҳое мавҷуданд, ки барои аз 5 то 10 нафар шахсон ҷои корӣ ташкил намуда, айни ҳол дар ҳамин соҳа фаъолият доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар вилоят 459,4 тонна яхмос истеҳсол гардидааст, ки нисбати соли гузашта 53,8 тонна зиёд мебошад. 49 фоизи яхмоси истеҳсолгардида дар се корхонаи саноатӣ ва боқимонда 51 фоизи дигар дар коргоҳҳои хурди соҳибкорони инфиродӣ истеҳсол шудааст.

Дар ин давра ҳамзамон 2,7 миллион декалитр нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол гардидааст. Бузургтарин корхонаи соҳа – ҶСП “Оби зулол”-и шаҳри Истаравшан аст, ки 2,2 миллион декалитр нӯшокиҳои ташнашикан дар он истеҳсол шудааст.

Дар бахши обҳои ташнашикани фестивал ҷойи аввал насиби ҶСП «Оби зулол» - и шаҳри Истаравшан, ҷойи дуюм ҶСП «Евро - Азия - 2005» - и шаҳри Бӯстон ва ҷойи сеюм ҶДММ «Оби ширин» - и шаҳри Хуҷанд гардид.

Дар бахши истеҳсоли яхмос ҷои аввалро ҶСП «Яхмоси 33», ҷои дуюмро ҶДММ «Дӯстӣ Амирхон» - и шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюмро соҳибкори инфиродӣ Абдусалом Умаров соҳиб шуданд.

Ба ғолибони диплому сипосномаҳо супорида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Моҳи август дар вилоят Фестивали Оши палов гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги зебоипарастӣ, эҳё, ҳифз ва рушди мероси фарҳангии ниёгон, рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ моҳи август дар вилоят Фестивали Оши палов гузаронида мешавад.

Фестивали мазкур дар ду давр – сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва сатҳи вилоятӣ доир мешавад ва иштирокдорон дар бахшҳои “Беҳтарин оши палов”, “Ороиши хаймаи беҳтарин”, “Дастони моҳир” ва дигар бахшҳо маҳорати худро нишон медиҳанд.

Ба ғолибони бахшҳо аз 1000 сомонӣ то 5000 сомонӣ мукофтпулиҳо тақдим карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории амалиёти муштарак таҳти унвони шартии «Нелегал – тобистон» дар Суғд

( 0 Овоз )

Дар вилояти Суғд марҳилаи дуюми чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти муштарак таҳти унвони шартии «Нелегал – тобистон» гузаронида шуд.

Чуноне аз Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, дар давраи пешбинишуда дар макони зист ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда, объектҳои сохтмонию саноатӣ, меҳмонхонаю хобгоҳҳо, бозору марказҳои тиҷоратӣ, тарабхонаю марказҳои дилхушӣ, боғҳои истироҳатию фарҳангӣ, терминалҳои нақлиётӣ, ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди одамон санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуд.

Зимни санҷишҳои назоратӣ маълум гардид, ки солҳои охир ба туфайли пурзўр намудани назорат, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ, корбарӣ дар байни роҳбарияти корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи хориҷӣ фаъолиятбаранда масъулин ба масъалаи расмикунонии саривақтии будубош ва фаъолияти меҳнатии қонунии шаҳрвандони хориҷӣ эътибори махсус медиҳанд.

Новобаста ба ин, се ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шуда, нисбати се нафар парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ боз карда шуд.

-Раёсат тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳам дар самти ташкили санҷишҳои назоратӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи кормандон дар чорабиниҳои фаврӣ – профилактикии муштарак ва амалиётҳои махсус аз имкониятҳо босамар истифода мебарад,- афзуданд дар ин ниҳод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ба шаҳри Гулистон наздик 15 000 сайёҳ ташриф овардааст

( 0 Овоз )

Дар нимсолаи якуми соли 2019 ба шаҳри Гулистон, ки аз минтақаҳои туристии мамлакат маҳсуб меёбад, наздик 15 000 нафар сайёҳ ташриф овардааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар шаҳр бо мақсади амалисозии нақшаҳои марбут ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Маҳз дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас сафи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳамасола дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди сайёҳони ташрифоварда 2125 нафар афзудааст.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ дар шаҳр 13, 5 миллион сомониро ташкил дод, ки аз он 3,1 миллион сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Бояд зикр кард, ки осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил»,  урдугоҳи «Шоҳин» ва шиногоҳҳои муосири соҳили Баҳри Тоҷик аз ҷойҳои диданиву дӯстдоштании гардишгарону сайёҳон маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд