Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53
Боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Спитамен - 29.05.2020 16:36
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара - 29.05.2020 13:46
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Суди ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 29.05.2020 13:44
ҲИСОБОТ оид ба иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2020 - 28.05.2020 18:48
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано» - 28.05.2020 20:40
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд - 28.05.2020 20:43

Навиди Суғд


Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд фаъолияти маҳфилҳо фосилавӣ ба роҳ монда шуд

( 0 Овоз )

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо Раёсати маорифи вилоят шурӯъ аз 1 май фаъолияти маҳфилҳоро ба тариқи фаъолияти фосилавӣ ба роҳ мондааст.   Ҳадаф аз он самаранок истифода намудани таътили хонандагон, ҷалби кӯдакон ва наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла дар вақти таътил дар шароити хона омӯзонидани ҳунарҳои волои мардумӣ, рушди қобилияту истеъдоди хонандагон ва инчунин ҳифзи саломатии толибилмон аз бемориҳои сироятӣ мебошад.

Роҳбари маркази мазкур Фирдавс Ашӯрматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд  иттилоъ дод, ки аз ҷониби роҳбарони маҳфилҳои Марказ бо истифода аз интернет тариқи шабакаҳои иҷтимоии viber, Instagram ва барномаи Googleclassroom гурӯҳ-маҳфилҳои фосилавии мухталиф, чун дӯзандагӣ, қаннодӣ, бофандагӣ, рӯзгордорӣ, сӯзанидузӣ, қолинбофӣ, рассомӣ, техникони ҷавон, авиамоделӣ, автомоделӣ, бофандагӣ, машшотагӣ, гулдӯзӣ ва омӯзиши забони русӣ ташкил карда шуда, омӯзишҳо тибқи ҷадвал ба роҳ монда шудаанд.

Омӯзишҳои фосилавӣ аз тарафи роҳбарони маҳфил тариқи видеоӣ ва барномаҳои таълимӣ омӯзонида шуда, кӯдакон супоришҳои омӯзгоронро иҷро намуда, аз устодон машваратҳои зарурӣ  мегиранд.

То имрӯз беш аз 200 нафар хонандагон ба 16 гурӯҳи маҳфилҳои фосилавӣ аъзо гардидаанд. Аъзои маҳфили дӯзандагӣ дар шароити хона аз омӯзгорон тарзи омода намудани ниқобҳои ҳимоятиро омӯхта, худ ва хонаводаашонро бо онҳо  таъмин карда истодаанд.

Ҳамзамон тариқи маҳфили фосилавии «Китобхони беҳтарин» ба кӯдакону наврасон ҳамарӯза хондани китобҳои бадеӣ тавсия дода  шуда, инчунин бо ҳамдастии омӯзгорон чанд нафар хонандагон ба даври 2-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омодагӣ дида истодааст.

 

БӮСТОН: Тақдими туҳфаҳои Пешвои миллат ба табибону беморон

( 0 Овоз )

17 май ба як гурӯҳ кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон ва беморон кумакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 май тариқи корвонҳои пурбор вориди шаҳр гардида буданд, тақдим карда шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд, зимни тақсимоти маводи мавриди ниёзи аввал, ки бо иштироки роҳбарияти шаҳр сурат гирифт, гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии кормандони соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо тамоми чораҳоро сафарбар намуда истодааст.

Аз ҷумла, дар ин замина бо иқдоми наҷиби  Сарвари давлат ба табибон ва кормандони тиб, ки баҳри табобати беморони мубталои COVID-19 машғуланд, пардохти семоҳаи музди маоши иловагӣ пешбинӣ гардида,  Пешвои миллат  музди моҳонаи маоши худро ба суратҳисоби махсус оид ба табобати беморони мубталои коронавирус ҷудо намуданд.

Ин навбат бо иқдоми  Президенти мамлакат ба табибон ва беморон кумакҳои моддӣ ва маводи мавриди  ниёзи аввал дастрас карда шуд.

Аз ин ташаббуси наҷиб кормандони тиб ва беморон хушнуд гардида,   ба роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипос намуданд.

 

ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 1524 нафар расид

( 1 Овоз )

То соати 17:30 дақиқаи 17 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1524  ҳолати сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 39  нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матуботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 17 майи соли равон дар мамлакат  4196 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 493  нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати навъи нави коронавируси CОVID-19 тамоми тадбирҳо ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад,ки  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

 

Табибон дар осоишгоҳҳои вилоят давраи карантинро мегузаронанд

( 0 Овоз )

Дар партави дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи ҳифзи саломатии табибон эътибори аввалиндараҷа дода, тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, то ки пеши роҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ гирифта шавад.

Бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода осоишгоҳҳои вилоят барои гузарондани давраи карантини табибоне, ки дар марҳилаи аввали мубориза бо бемории каронавирус қарор доштанд омода карда шуд. Дар осоишгоҳи Юсуфзодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маркази солимгардонии бемориҳои дил дар шаҳри Хуҷанд кормандони соҳаи тиб бо тамоми шароитҳои зарурӣ фаро гирифта шуда давоми 14 рӯз давраи карантиниро паси сар менамоянд.

Табибони шарафманди тоҷик таҳти ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор доранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Аз беморхонаи вилоятӣ 55 нафар ба хонаҳояшон баъд аз табобат ҷавоб дода шуданд

( 0 Овоз )

Имрӯз аз беморхонаи вилоятӣ 55 нафар ба хонаҳояшон баъд аз табобат ҷавоб дода шуданд.

Дар партави дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи ҳифзи саломатии мардум эътибори аввалиндараҷа дода, тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, то ки пеши роҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ гирифта шавад. Таминоти беморхонаҳо бо маводи озуқа дорувории протоколии антивирусӣ, барои муҳофизати табибон бо корҷома, ниқоб, маводҳои антисептикӣ таҳти назорати шабонарузии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад.

Дар натиҷаи фаолияти садоқатмандонаи табибони вилоят чун ворисони Сино , ба арзишҳои волои ватану ватандорӣ, арзишҳои олии инсон ва ҳаёт имруз 55 нафар сокинон аз бемории COVID- 19 шифо ёфта ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Шуҷоату далерии табибон, имони қавӣ, иродату матонат ва ихлосу самимият ба халқу Ватани маҳбуб буд, ки имрӯз онҳо дар хатти аввали мубориза бо бемори қарор дошта ба таври шабонарӯзӣ ва бе истироҳат ба аҳолӣ хизмат намуда истоданд.

Аз ҷониби роҳбари вилоят барои фаъолият ва табобати беморон дар муассисаҳои тиббӣ тамоми шароит муҳайё карда шуда бо се маҳал хуроки гарми серғизо ва доруворӣ таъмин карда шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд