Хабарҳо
Ғолибони 20 - рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд - 23.10.2019 15:51
Баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум - 23.10.2019 15:57
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд - 22.10.2019 16:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд - 22.10.2019 16:37
Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд! - 22.10.2019 13:21
Дар Исфара оид ба «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» машварати омӯзишӣ сурат мегирад - 22.10.2019 10:10
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59

Навиди Суғд

Дар ноҳияи Спитамен то имрӯз 6384 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи шиносоиҳо бо рафти ҷамъоварии “тиллои сафед” дар навоҳии пахтакори вилоят рӯзи 9 октябр ба ноҳияи Спитамен ташриф овард.

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи фалак

( 0 Овоз )

Бо мақсади ҳифз намудан ва равнақ бахшидан ба ҳунари қадимаи фалаксароӣ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар ҳамасола санаи 10 - уми октябр Рӯзи фалак таҷлил мегардад.

Меҳргон - нахустин моҳи фасли тирамоҳ

( 0 Овоз )

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад (Рўдакӣ)

Меҳр нахустин моҳи фасли тирамоҳ, ё номи моҳи ҳафтуми  солшумории мардуми эронӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин моҳ шабу рўз баробар мешавад, ки онро ба истилоҳ «эътидоли пойизӣ ё тирамоҳӣ» мегўянд. Эътидол ин адолат аст, яъне баробар шудани шабу рўз. Дар моҳи фарвардин низ, ки мутобиқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба моҳи ҳамал баробар буда, ба 21-22 март баробар аст, низ эътидол рўй медиҳад, ки онро «эътидоли баҳорӣ» мегўянд. Дар ин рўз низ шабу рўз баробар мегардад ва мардум яке аз пурфайзтарин ва бузургтарин ид - Иди Наврўзро ҷашн мегиранд.

Иди Меҳргон пас аз Наврўз яке аз бузургтарин ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар меҳррўз аз бурҷи Меҳрҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар рўзҳои аввали фасли тирамоҳ баргузор мегардад. Дар гузашта ин ҷашнрозардуштиён дар даҳумимеҳрва ё наздиктар ба он ҷашнмегирифтанд. Ин ҷашн дар меҳррўзоғоз мешуд ва шаш рўз таҷлил карда мешуд ва дар ромрўз ба поён мерасид. Нахустин рўзи ҷашн «Меҳргониомма» (ҳамагонӣ) ва рўзи охирини ҷашн «Меҳргонихоса» (вижа) номида мешуд.

Дар замони Сосониён бар ин бовар буданд, ки худои некӣ Аҳурамаздо дар рўзи Наврўз ёқут ва дар рўзи Меҳргон забарҷадро офаридааст. Ҳамчунин, эрониёни қадим ақида доштанд, ки дар ин рўз Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳоки морон ба мубориза бархоста ва Фаридун низ дар ҳамин рўз бар Заҳҳок зафар ёфтааст. Мардуми эронинажод аз ҳазораи дуюми пеш аз милод онро ҷашн мегирифтанд. Меҳргон низ монанди ҷашни Наврўз бо расму одат ва суннатҳои хосе таҷлил карда мешуд.

«Меҳр» ё «Митро» дар забони форсӣ ба маънои «фурўғ», «рўшноӣ», «дўстӣ», «пайвастагӣ», «пайванд» ва «муҳаббат» омада, зидди дурўғгўӣ, паймоншиканӣ ва номеҳрубонӣ кардан аст. Фалсафаи ҷашни Меҳргон сипосгузорӣ аз Худованд ба хотири неъматҳоест, ки ба инсон арзонӣ дошта ва устувор кардани дўстӣ ва меҳру муҳаббат миёни одамон аст.

Пештар Меҳргон бо номи «бағёди» ё «багёдӣ» ба кор мерафтааст, бар ин асос бархе бахши нахусти ин номро бағ - Худо ва бахши дуюмро (ёда) ситоиш ва дар  маҷмўъ, ба маънии «Худоёни ситоиш» медонанд.  Ҳарчанд дар сари вожаи «Меҳргон» андешаҳои зиёде чой дорад, вале аз замони одамушшуаро Рўдакӣ сар карда, ибораи «ҷашни Меҳргон» маъруф будааст. Мувофиқи бархе сарчашмаҳо ҷашни Меҳргон таърихи беш аз чаҳор ҳазорсола дорад. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» таърихи пайдоиши ин чашнро ба замони Фаредун мансуб медонад:

Ба рўзи хуҷаста, сари меҳрмоҳ,

Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба оин якеҷашни нав сохтанд

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.

Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон нав зи дод аз сари моҳи нав.

Бифармуд то оташ афрохтанд,

Ҳама анбару заъфарон сўхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ўст,

Таносониву хўрдан ойини ўст.

Агар ёдгор аст аз ў моҳу меҳр,

Бикўшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.

Чунонки дида мешавад, Фирдавсӣ замони баргузории ҷашни Меҳргонро дар оғози моҳи меҳр ва фасли тирамоҳ баён кардааст, ки ин расм то охири даврони ҳукмронии Ашкониён идома доштааст. Олимон ба ин андешаанд, ки аз замони Сосониён сар карда, ин ҷашн ба меҳррўзи меҳрмоҳ, ки ба шонздаҳуми моҳи меҳр баробар аст, интиқол меёбад.

Пеш аз ҳахоманишиён ҷашни Меҳргон бо номҳои «бағ ёдӣ», «баг ёди», «ёди Худо», «сипосгузорӣ аз Худо» зикр мешуд, зеро «бағ»Худо гуфтан аст.  Бағдод (Худо дода) номи боғе дар наздикии Тайсафун  - пойтахти Ашкониён ва Сосониён буд, ки баъдҳо ба шаҳр табдил шуд ва номи шаҳри Бағдоди кунунӣ аз ҳамин номи порсӣ гирифта шудааст.

Бар асоси мутуни Авасто тақвими эрониён пеш аз Ҳахоманишиён дорои ду фасл –тобистон  ва зимистон аст. Наврўз ҷашниоғози соли нав ва фасли тобистон буда, Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуюми  сол ва фасли зимистон будааст.  Носири Хусрав ҳар ду ҷашн, яъне ҷашни Навруз ва ҷашни Меҳргонро «ҳангоми эътидолӣ», яъне баробарии шабу рўз медонад:

Наврўз беҳ аз Меҳргон, гарчи

Ҳарду замонанд, эътидолӣ.

Ин ҷо «эътидоли поизӣ» , маънои «адолатии тирамоҳӣ» гуфтан аст, ки дар ин марҳала шабу рўз баробар мегардад ва аз он пас рўзҳо боз ҳам кўтоҳ шудан мегиранд. Ба ақидаи эрониёни куҳан оғози соли нав дар ҳангоми эътидоли тирамоҳӣ бо низоми зиндагии кишоварзии онҳо вобастагӣ дошт, зеро барои кишоварзон соли зироъӣ аз тирамоҳ оғоз ва дар поёни тобистон хотима меёфт. Бархе бар ин ақидаанд, ки шояд дар фасли тирамоҳ оғоз гардидани мактабҳо низ намое аз солшумории меҳрӣ ё митроӣ бошад. Имрўз низ суннати куҳани оғози соли нав шуморидани моҳи меҳр ва ё фасли тирамоҳ бо номи «Соли варз» дар тақвими маҳаллии курдон боқӣ мондааст. Ҳамчунин дар тақвими маҳаллии Помир, махсусан дар ноҳияҳои Ванҷ ва Хуф аз нахустин рўзи поиз бо номи «Наврўзи поизӣ» ё «Наврўзи тирамоҳ» маъруф будааст.

Бояд гуфт, ки дар гоҳшумории зардуштӣ ё авастоӣ сол ба 12 бурҷ ва ҳар бурҷ ба 30 рўз тақсим мешуд ва ҳар рўз ба худ номи хосе доштааст. Баъзе аз ин бурҷҳо бо номи яке аз рўзҳояшон ҳамном мешудаанд ва дар ин сурат эрониён он рўзро ҷашн мегирифтаанд. Чунончи, дар қадим Меҳргон низ ҳам номи моҳ ва ҳам номи рузи шонздаҳуми ин моҳ ҳисобида мешудааст. Дар сарчашмаҳо  Меҳргон рўзи пирўзии Фаридун бар Заҳҳок шинохта шудааст. дар «Таърихи Табарӣ» чунин омадааст:

«Фаредун сари Беварасбро (Заҳҳокро) бо гурзи сархамидае бикўфт, пас ўро ба кўҳи Дамованд бурд ва дасту бозўяшро маҳкам бибаст ва ба чоҳ афканд ва фармон дод, ки рўзи меҳрмоҳи меҳррўзро ид бигиранд. Ва ин ҳамон ҷашни Меҳргон аст».

Дар «Осор-ул-боқия»-и Абўрайҳони Берунӣ дар бораи Меҳргон омадааст: «Рўзи бисту якум ромрўз аст, ки Меҳргони бузург бошад. Ва сабаби ин ид он аст, ки Фаредун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ўро ба қайди асорат даровард. Ва чун Заҳҳокро пеши Фаредун оварданд, Заҳҳок гуфт: Маро ба хуни ҷаддат макуш. Ва Фаредун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: «Оё тамаъ кардаӣ, ки  бо Ҷам писари Виҷҳон дар қасоси ҳамсар қарин бошӣ? Балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам». Сипас бифармуд, то ўро банд кардан два дар кўҳи Дамованд ҳабс намуданд ва мардум аз шарри у роҳат шуданд ва ин рузро ид донистанд».

Азбаски рўзи меҳр бо замони бардоштани ҳосили кишоварзӣ аз саҳро мувофик омадааст, замони муносибе барои ҷашн, шодӣ ва истироҳати кишоварзон, ки аксари мардумони рўзгорони куҳанро ташкил мекардаанд, будааст. Ин ҷашн монанди иди Наврузи баҳорӣ бошукўҳ ҷашн гирифта мешуд, вале баъдҳо Навруз шукўҳӣ бештареро соҳиб гардидааст.

Нуктаи аҷиберо метавон вобаста ба ҷашни Меҳргон дар ин суханони Салмони форсӣ ба мушоҳида гирифт. Ў мегўяд: «Мо замони дар аҳди зардуштӣ будан мегуфтем: Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва фазли ин ду рўз бар рўзҳои дигар монанди фазли ёқут ва зумуррад аст бар ҷавоҳири дигар. Ва Беварасб (Заҳҳок) ҳазор сол умр кард. Ин ки эрониён ба якдигар дуо мекунад, ки «Ҳазор сол бизӣ», аз он рўз расм шудааст. Чун диданд, ки Заҳҳок тавонист ҳазор сол умр кунад ва ин кор дар ҳадди имкон аст, ҳазор соли зиндагиро дуо ва орзу карданд».

Меҳргон монанди Наврўз дорои дасторхон ё суфра буда, ки онро «хони меҳргонӣ» меномиданд. Дасторхони меҳргониро бо гулҳо зеб медоданд ва меваҳои тирамоҳие, ки сурх бошад, мегузоштанд. Анвои меваҳои анор, ангур, санчид, себ, анҷир, бодом, писта, чормағз, хурмо ҷузви ин меваҳо маҳсуб мешуданд. Он гуна, ки аз маҷмўи сарчашмаҳои дастрас, нигораҳо, матнҳои бостонӣ ва навиштаҳои муаррихон ва донишмандон бармеояд, мардумон дар ин рўз  то ҳадди имкон ҷомаҳои арғувонӣ ба бар мекардаанд, ба ҳамдигар хушбўиҳо тақдим ва  бо оғози ин ҷашн табрик мекардаанд. Аз шарбати гиёҳи ҳум нўшиданиҳо омода мекарданд ва бо шир ҳамроҳ карда,  ҳама бошандагони ҷашн ба нишонаи паймон азон менўшиданд. Нўшидани шарбати ин гиёҳ боиси хурсандии онҳомегардид ва ононро сархуш мекард. Нони махсуси Меҳргонӣ аз омехтаи ҳафт навъ ғалла, монанди гандум, ҷав, биринҷ,нахўд,адас, мош ва арзан омода мегардид. Дигар лозимаҳои дасторхони Меҳргон аз ҷоми оташ ё нўкча (шамъ), шакар, ширбиринҷ, хӯрокҳои маҳаллӣ ва хушбуиҳо иборат буд. Пас аз  хўрдани хўрок онҳо ба мусиқӣ ва пойкубиҳои гурўҳӣ мепардохтанд. Оташ афрўхта дар он хушбўиҳо, монанди сипанд, заъфарон ва анбар меандохтанд. Бархе олимон бар он андешаанд, ки самоъҳои сўфиёнаи пайравони тариқати мавлавия, ки имрўз низ дар Қуния роиҷ аст, шакли дигаргуншудаи рақсҳоеанд, ки дар ҷашнҳои зардуштиён иҷро мегардиданд.

Тоҷибой СУЛТОНӢ,
номзади илмҳои филология

24 октябр иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

24 октябри соли 2019 иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум гузаронида мешавад.

Ба баррасии иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудааст:

-оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар вилоят;

-ҳисоботи комиссияи доимии иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон;

-ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Хистеваарз”, №63 Очилов Дадо Икромович оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ;

-оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

-тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2019» аз 10 то 30 октябри соли 2019 сурат мегирад

( 0 Овоз )

Ба таваҷҷуҳи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят расонида мешавад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2019» аз 10 то 30 октябри соли 2019 сурат мегирад.

Озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2019» бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуда, дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд.

«Хомаи созанда - 2019» аз рӯи номинатсияҳои “Масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ” ва “Муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаҳои мардумӣ тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва фоторепортаж (маводи видеоӣ ва аксҳо)” гузаронида шуда, ҳар як иштирокчии озмун бояд на кам аз 5 мавод (дар як номинатсия)  пешниҳод намояд. Қабули матолиби журналистие, ки ба номинатсияҳои зикршуда мувофиқат намекунанд, ғайриимкон аст.

Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2019» пешниҳодшуда  бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2019 то 1 октябри соли 2019 пахш ва ё нашр гардида бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд