Хабарҳо
Бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба истифода дода шуд - 19.08.2019 13:46
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личун мулоқот намуданд - 19.08.2019 13:14
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ ба тасвиб расид - 19.08.2019 09:59
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб. Дар вилояти Суғд 5143 духтур ва 17393 корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд - 19.08.2019 09:53
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин - 16.08.2019 16:06

Навиди Суғд

Баҳри сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта​ Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дода мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ дар вилоят Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дода мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 8 августи соли 2019, №381 ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур ҳайати Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” тасдиқ гардида, раисони ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардидаанд, ки барои ғунучини беталафи ҳосил тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар назар аст, ки миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил карда шавад. Ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат гирифта, давраҳои минбаъдаи он ҳар 20 рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят Парчами шараф барафрохта мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Собиқадорону аҳли зиёи Хуҷанд барои ободии шаҳр саҳмгузорӣ менамояд

( 0 Овоз )

Дируз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолият, баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ дар маҳалҳо бо иштироки собиқадорони меҳнат, адибон, олимон ва Шаҳрвандони фахрии шаҳр мизи мудаввар баргузор гардид.​

Миззи мудавварро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода оғоз намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории мулоқот дар байни сокинони маҳаллаҳои шаҳр бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҷеъ ба дастовардҳои Истиклолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки имрўзҳо дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ ва омода намудани иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, аз ҳамаи собиқадорони меҳнат, адибон, зиёиён ва Шаҳрвандони фахрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро якҷоя бо раисони маҳаллаҳо, кўчаҳо ва фаъолон ҷиҳати баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ ва саҳм гузоштани сокинон ба ободониву кабудизоркунии кучаву манзилҳояшон гузаронанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд дар ҷараёни мизи мудаввар раиси собиқадорони ҷангу меҳнат – Муъминҷон Орифӣ, Шаҳрванди фахрӣ Шуҷоат Ҳасанова, Юсуф Қурбонов, Абдушукур Назаров, фаъолзан Муҳаббат Нозимова,раиси куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ Ҳамроҳ Атаева, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муҳиддин Файзуллоев, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Матлуба Муинова ва дигарон баромад намуда, омодагии хешро изҳор ва пешниҳодҳои ҷолиб доир ба баланд бардштани маданияти шаҳрдорӣ ва тарғиби ободкорӣ ироа доштанд.

Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки бо ҷалби васеъи аҳолӣ тадбирҳои ободониро вусъат бахшид ва чун солҳои қаблӣ саҳми фаъолонро дар кўчаву маҳаллаҳо дар самти ободонии маҳалли зист тақвият ва ин анъанаро идома бояд дод. Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис додани Шўрои ҷамъиятии маданияти шаҳрдорӣ бо иштироки фаъолон, зиёиён ва шаҳрвандони фахрӣ айни муддао дониста шуд.

Дар анҷоми мизи мудаввар таъкид гардид, ки фаъолону собиқадорон ва зиёиёну мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам ободу зебо гардидонидани шаҳри бостонии Хуҷанд саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар Форуми байналхалқии «Fergana International Investment Forum — 2019»

( 0 Овоз )

Рӯзи 7 август дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналхалқии «Fergana International Investment Forum — 2019» оғоз ёфт, ки дар он намояндагони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доранд.

Ҳайати намояндагони вилоят, ки ба он соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, масъулини Палатаи савдо ва саноати вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори омма шомиланд, бо роҳбарии муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар форуми мазкур ширкат меварзанд.

Ҳадаф аз ташкили форуми байналхалқӣ беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ба ин васила таъмини рушди иқтисодиёт арзёбӣ мешавад.

Дар Форуми байналхалқии «Fergana International Investment Forum — 2019» намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Кореяи ҷанубӣ, Ҷумҳурии мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Эрон, Россия, Туркия, Белорусия ва ғайраҳо ҳузур доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Бахшида ба Иди Қурбон дар 22 муассисаи иҷтимоии ҳудуди вилоят чорабиниҳои идона доир мегарданд

( 0 Овоз )

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Иди Қурбон дар 22 муассисаи иҷтимоии ҳудуди вилоят чорабиниҳои идона доир мегарданд ва наздик 1900 нафар бошандагони муассисаҳо аёдат карда мешаванд.

Чорабиниҳои идона рӯзи 11 август ташкил гардида, барои бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ дастархони идона ороста мешавад. Дар ин рӯз аз ҷумла дар Интернати давлатии наздимактабии рақами 2 ва Интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Ашт, Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффорови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Маркази вилоятии барқарорсозӣ ва солимгардонии кӯдакони вилояти Суғд, Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон сусти шаҳри Исфара, Хонаи бачагони рақами 1-и шаҳри Исфара, Муассисаи таълимии парастишгоҳи рақами 40-и шаҳри Конибодом, Мактаб-интернати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент, Интернати назди муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен, Кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 26-и шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, Хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмондаи шаҳри Хуҷанд, Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Хона-интернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Парваришгоҳи ба номи Дадоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон чорабиниҳо сурат мегиранд.

Дар назар аст, ки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорабиниҳои идонаи муассисаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда, паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати фарорасии Иди Қурбонро ба самъи бошандагони муассисаҳо расонанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Ҳар рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиши китобҳои тозанашр баргузор мегардад ​

( 0 Овоз )

Бо мақсади иҷрои амри Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 03 июли 2019, №125 “Дар бораи баргузор намудани​ намоиш ва фурӯши китоб, маҳсули дастони ҳунармандон, ҳамчунин барномаи фарҳангӣ” китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ​ тасмим гирифтанд, ки то 2-юми ноябри соли равон ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиши китобҳои навнашру тозаворидро ташкил намоянд.

Тавре аз маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ иттилоъ доданд, то имрӯз гурӯҳи китобдорон чор маротиба аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо осор ва корномаҳои Пешвои миллат, мероси адабии намояндагони адабиёти классикӣ, асарҳои адибони муосири тоҷик маҷмӯан қариб бо 100 нусха китоб шинос карданд.

Дар миёни асарҳо аз ҷумла “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Забони миллат - ҳастии миллат”-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Тоҷики оламшумул”-и Носирҷон Салимов (Носир Салимӣ), “Пешвои миллат – меъмори ваҳдат” (аз силсилакитоби “Ваҳдат, Давлат, Президент”, ҷилди ХХV), аз мероси гаронбаҳои ниёкон девонҳои шеъри адибони классикӣ Носири Хусрав, Сайфи Исфарангӣ, Камоли Хуҷандӣ, Соиби Табрезӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, асарҳо ва маҷмӯаҳои ашъори намояндагони адабиёти муосири тоҷик Сотим Улуғзода, Муҳиддин Аминзода, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Аъзам Сидқӣ, Усмон Олим, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аюби Кенҷа Фарзона, Озарахш, Анвар Мирзоҳакими Олим мавриди шиносоӣ ва ошноӣ қарор гирифтаанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд