Хабарҳо
Ғолибони 20 - рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд - 23.10.2019 15:51
Баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум - 23.10.2019 15:57
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд - 22.10.2019 16:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд - 22.10.2019 16:37
Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд! - 22.10.2019 13:21
Дар Исфара оид ба «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» машварати омӯзишӣ сурат мегирад - 22.10.2019 10:10
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59

Навиди Суғд

Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод

( 0 Овоз )

Кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 5 миллиарду 456,9  млн. сомонӣ расониданд, ки баробари 108,1 фоизи ҳамин  давраи соли гузашта мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 271 774,5 тонна, аз ҷумла гандум 122 926,7 тоннаро ташкил додааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2018 мутаносибан 22,9 ва 15,4  фоиз зиёд мебошад.

Дар соҳаи растанипарварӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 ҳамагӣ 379 069,6 тонна сабзавот, аз ҷумла 128 465 тонна пиёз, 314 807 тонна картошка, 105059,6 тонна полезӣ, 128 346,7 тонна мевагӣ ва 51 046,5 тонна ангур истеҳсол гардидааст.

Дар соҳаи чорводорӣ 29993,6 тонна гўшт, 190073,4 тонна шир, 291,6 млн.дона тухм, 1353,5 тонна асал, 1408,3 тонна пашм ва 315,6 тонна пилла истеҳсол карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом аз оғози сол то имрӯз 159 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ то соли 2021 дар шаҳр бунёду навсозии 506 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинону соҳибкорони ватандӯст то имрӯз дар маҷмуъ 252 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, нақшаи умумӣ 49,8 дарсад иҷро гардидааст.

Танҳо дар соли ҷорӣ сохтмони 178 адад иншоот дар назар дошта шуда буд ва дар нуҳм моҳ нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ 89,3 дарсад иҷро карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ

( 0 Овоз )

Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд  барои кормандони соҳаи маорифи вилоят дар мавзӯи “Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тренинг доир намуд.

Чорабиниро муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд Хуршед Саидов ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории тренинги мазкур баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ба мардум расонидани арзишҳои ҳифзи муҳити зист мебошад.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” Икромҷон Мамадов дар бораи Конвенсияи Орхус ва ҳадафҳои он ҳарф зада, қайд намуд, ки Конвенсиям мазкур соли 1998 дар шаҳри Орхуси кишвари Дания ба мувофиқа расида, мақсади он сарҷамъ намудани давлатҳо барои беҳдошти ҳифзи муҳити зист мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июли соли 2001 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуда, то имрӯз фаъолияти бомаром дорад. Дар умум Конвенсияи Орхус дар се самт   - дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо вобаста ба навъҳои мушахасси фаъолият ва дастрасии адолати судӣ ҳадафҳои худро роҳандозӣ мекунад.

Дар рафти тренинг таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифатии экологии мардум аз дастрасӣ ба иттилооти дуруст вобастагии калон дошта, бояд сокинон, хосса хонандагони мактабҳо бояд аз бандҳои конвенсия огоҳии бештар дошта бошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд

( 0 Овоз )

Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.

«Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст»,-зикр мекунад манбаъ.

Ҳамчунин сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ташкилоти террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ аз Тоҷикистон, бо муттаҳид сохтани ба ном ташкилотҳое чун: «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, таъсис ёфтааст.

Аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва амниятӣ бар ин назаранд, ки ТТЭ ҲНИ бо иқдоми ташкили паймони нав ба мисли найрангҳои солҳои навадум азм дорад амалҳои тахрибкорона ва террористиву эстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад. Вале, мусаллам аст, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ин ҳамон ТТЭ ҲНИ бо  номи дигар аст.

Суди Олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро низ дар Тоҷикистон мамнуъ ва онро ташкилоти террористӣ-эстремистӣ (ТТЭ) эълон намуд.

Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид

( 0 Овоз )

Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашнии ин чорабиниро интихоб карданд.

Рамзи мазкур аз ҷониби иттифоқҳои рассомон ва дизайнерон омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шуда, дар ду тарафи он номи «Саразм» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой гардида, дар поёни он «5500» бо рақам нишон дода шудааст.

Бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад. Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз гил сохта шудаанд, насб гардидааст. Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа бо санъати волои заргарӣ сохта шуда, рамзи Хуршед, Офтоб ва Меҳрро ифода менамояд. Ҳалқаи гирди сабз ишора ба осмони кабуду беғубор буда, фазои осоиштаву сулҳу суботро таҷассум месозад. Дувоздаҳ бурҷи ин бозёфт агар таъкид ба дувоздаҳ бурҷи фалак ва ё дувоздаҳ моҳи сол бошад, ба шакли секунҷа овардани он рамзи нурҳои хуршеди ҳаётбахш аст.

Парастиши офтоб аз ҷумлаи боварҳои ориёиён бар пирӯзии нур бар зулмот буда, мазмуни эҳёшавии Замин-модарро ифода месозад.

Тадқиқоти бардавоми бостоншиносони ҷаҳон дар ёдгории Саразм собит сохтааст, ки яке аз оинҳои ориёиён, аз ҷумла аҳли Саразм эътиқод ба Хуршед-Офтоб-Меҳр будааст.

Ишора ва аломатҳои дигари ин рамз баёнгари  бостонию таърихӣ будани Саразм буда, аз шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj) ҷойгир шудааст, васеъ истифода намоянд.

ШУМО ДАР: Навиди Суғд