Хабарҳо
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19
Қатъномаи ҷавобӣ ба гирдиҳамоии наҳзатӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин - 10.12.2018 22:12

Раҷаббой Аҳмадзода: Соли равон 50 иншооти гуногуни варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд

( 0 Овоз )

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо давоми солҳои 2016-2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 302 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 212 майдонча, 85 толор, 1 кох, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 варзишгоҳ ба маблағи 6 миллиону 395 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим карда шудааст. Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз зимни суханронии худ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон иттилоъ дод.

Қайд карда шуд, ки дар ду соли ахир бо сарфи 43 миллиону 551 ҳазору 460 сомонӣ 159 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 132 майдонча, 17 толор, 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмаа, 1 маркази фитнес-теннис ва чандин иншооти варзишии хурду бузург сохта ба истифода дода шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти ҳарчӣ бештар оммавӣ гардонидани варзиш ва бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо  соли равон бунёди 107  иншооти гуногуни варзишӣ дар назар дошта шудааст ва то имрўз 50 адади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раҷаббой Аҳмадзода: Соли равон 50 иншооти гуногуни варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд