Хабарҳо
Дар шаҳри Панҷакент бо ҷалби фаъолзанон ҷаласаи корӣ доир гардид - 17.08.2018 08:21
Дар деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ бунёд мегардад - 16.08.2018 13:37
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид - 16.08.2018 13:35
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ: 566 шаҳрванд бо кор таъмин шуданд - 16.08.2018 10:00
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад - 16.08.2018 09:52
Занону духтарон роҳбариро меомӯзанд - 16.08.2018 09:04
АЁМИДДИН САТТОРОВ дар бораи хиёнаткориҳои ҲНИ (Видео) - 15.08.2018 17:35
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб /АКСҲО/ - 15.08.2018 15:18
Раҷаббой Аҳмадзода: То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 260 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ карда мешавад - 15.08.2018 13:45
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58

Сокини ноҳияи Ашт Турсунбибӣ Одибоева бо харҷи 40 000 сомонӣ пули мошингузар бунёд кард

( 0 Овоз )

8 августи соли ҷорӣ дар деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо иштироки роҳбарияти ноҳия пули нави мошингузар ба истифода дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, сокинони ноҳияи Ашт бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати пойдор дар иҷрои корҳои ободониву созандагӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд. Турсунбибӣ Одибоева яке аз чунин шахсони фаъоли ноҳия маҳсуб меёбад, ки бо маблағҳои аз ҳисоби нафақа ҷамъовардааш барои бунёди пули мошингузар саҳмгузорӣ намуд. Ин зани ватандӯст барои бунёди пули мошингузаре, ки 13 метр дарозӣ ва 5 метр паҳноӣ дорад, беш аз 40 000 сомонӣ маблағ сарф намудааст.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар маросими ифтитоҳи пули мазкур ба Турсунбибӣ Одибоева Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим намуда, барои саҳмгузориаш дар ободонии маҳал ба ин бонуи нуронӣ изҳори сипос намуд..

Мавриди зикр аст, ки ин пули мошингузар маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон мепайвандад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сокини ноҳияи Ашт Турсунбибӣ Одибоева бо харҷи 40 000 сомонӣ пули мошингузар бунёд кард