Хабарҳо
ХИЁНАТКОР – ҲОМИИ ҶИНОЯТКОР. Ва ё андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар мавриди фитнаангезиҳои ТЭТ ҲНИ - 15.12.2018 13:34
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас - 14.12.2018 19:13
Матлубахон Сатториён Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд - 15.12.2018 14:11
Тақдими автомашинаҳои сабукрав ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 15.12.2018 14:08
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00

7 август гуруҳи 13 нафараи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд меоянд

( 0 Овоз )

7 август гуруҳи 13 нафараи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф меоранд ва меҳмонон дар доираи сафари худ аз идораи рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» боздид ба амал оварда, дар «Кохи матбуот» бо аҳли зиёи вилоят мулоқот анҷом медиҳанд. Ба ҳайати гурӯҳ Шарофат Эрматова - хабарнигори шабакаи телевизионии Ӯзбекистон ва раиси Маркази фарҳаангии миллии тоҷикони Ӯзбекистон "Ориёно", Тоҷибой Икромов - муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Овози тоҷик", Ҷасур Исҳоқов - муаллифи филми мустанади "Зери осомони ягона", Ҷумъа Ҳамроев - профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Олим Ҷумъақулов - муҳаррири рӯзномаи "Ховар", Нурулло Насриев - мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Зебо Тӯхтаева - хабарнигори телевизион "Ӯзбекистон 24" ва дигарон шомил мебошанд.

Дар барномаи сафари меҳмонон боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", боздид аз бозори марказии «Панҷшанбе» ва масҷиди ҷомеаи Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баробари шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид ба амал меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 7 август гуруҳи 13 нафараи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд меоянд