Хабарҳо
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 19.10.2018 21:30
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.10.2018 15:28
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34

Изҳороти Созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Исфара

( 0 Овоз )

Созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Исфара амали хоинонаи гурӯҳи ҷинояткорро, ки боиси ҳалокати чор нафар ва захмӣ шудани ду нафар сайёҳони хориҷӣ дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе шуд, сахт маҳкум мекунад.

Шубҳае нест, ки ин амали ноҷавонмардона ва басо нангин ба ноором сохтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии кишвар, паст задани обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, коҳиш додани эътимоди сармоягузорон ба сатҳи таъмини амният дар мамлакат ва боздоштани рушди соҳаи сайёҳӣ нигаронида шуда буд.

Ҷинояткорон бо кирдори нангини худ бори дигар чеҳраи аслиашонро нишон доданд. Онҳо бори навбатӣ собит сохтанд, ки дар раҳи расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз барҳам задани осудагии хешу пайвандон, ҳамватанон ва фурӯхтани манфиатҳои давлату миллат парҳез намекунанд.

Боиси қаноатмандии хосса аст, ки ҷинояти ваҳшиёнаи мазкур таҳти назорати шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сохторҳои қудратии кишвар дар муддати кӯтоҳтарин ошкор ва омилони он муайяну дастгир шуданд.

Риштаи ташкил ва амалигардонии ин кирдори хоинона боз ҳам ба сӯйи ТТЭ ҲНИ ва ДОИШ меравад, ки бояд ҳар яки моро ба андеша водор намояд. Ин ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки худро ҳомиёни манфиатҳои мусулмонон муаррифӣ мекунанд, бо қатли одамони бегуноҳ ба таври возеҳ нишон доданд, ки онҳо бо дини мубини ислом на ин ки ҳеҷ як иртиботе надоранд, балки душмани ашаддии он ҳам ҳастанд.

Аз ин хотир фоҷеаи рухдода мо, рӯзноманигоронро водор месозад, бо истифода аз имкониятҳои фароҳамбуда мардум, хусусан ҷавононро аз ҳадаф ва ҳиллаву найрангҳои душманони миллат, ки бо ниқоби ислом фаъолият мебаранд, огоҳ созем.

Бо пур кардани фазои иттилоотӣ бо афкори созандаву инсондӯстона нерӯи онҳоро ба ҷабҳаи ҳифзи оромиву осудагии мардуми кишвар ва амалҳои бунёдкорона равона намоем.

Созмони шаҳрии Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон дар Исфара

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Изҳороти Созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Исфара