Хабарҳо
Дар шаҳри Панҷакент бо ҷалби фаъолзанон ҷаласаи корӣ доир гардид - 17.08.2018 08:21
Дар деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ бунёд мегардад - 16.08.2018 13:37
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид - 16.08.2018 13:35
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ: 566 шаҳрванд бо кор таъмин шуданд - 16.08.2018 10:00
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад - 16.08.2018 09:52
Занону духтарон роҳбариро меомӯзанд - 16.08.2018 09:04
АЁМИДДИН САТТОРОВ дар бораи хиёнаткориҳои ҲНИ (Видео) - 15.08.2018 17:35
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб /АКСҲО/ - 15.08.2018 15:18
Раҷаббой Аҳмадзода: То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 260 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ карда мешавад - 15.08.2018 13:45
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58

МУРОҶИАТНОМАИ сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба мардуми шарифи Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони азиз!

Мардуми шарифи Тоҷикистон!

Мо, роҳбарон, фаъолон ва умуман мардуми ноҳияи Спитамен дар ҷамъомади фаъолони ноҳия ҳодисаи нангине, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон руйдода, боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардид, қотеона маҳкум намуда, аз рух додани чунин ҳодисаи нохуш сахт андӯҳгин гардидем ва ба аҳли оилаву пайвандони шахсони ҳалокшуда дар бардошти ин талафоти гарон сабри ҷамил мехоҳем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои кушодро идома дода, бо меҳмоннавозии тоҷикона, урфу одатҳои бостонии инсондӯстона ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам мемонад.

Мутаассифона, бархе шахсони сабукандеш фирефтаи ваъдаҳои хоҷагони хориҷӣ шуда, ба давлату миллати худ хиёнат мекунанд ва кӯшиши бадном намудани номи мубораки Тоҷикистони азиз менамоянд, бехабар аз он ки мардуми кишвари маҳбуб дасисаҳои баъзе нобакоронро чашм дидан надоранд ва дар пешомади ҳар мушкил муттаҳиду боҳам ҳастанд.

Чанд нафаре, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар дар дасти хоҷагони хориҷӣ мисли лухтак ба бозӣ кашида шудаанд, ҳаргиз ба ҳадафҳои нопоки худ нахоҳанд расид.

Зеро, ҳар чизе ки бо нияти нопок, бо ҳадафи сиёҳ, танҳо барои гирифтани пайсае аз хоҷагони хориҷӣ роҳандозӣ мешавад ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд.

Мардуми ноҳияи Спитамен ба кулли мардуми шарифу меҳмоннавози Тоҷикистони азиз муроҷиат намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳаргиз зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии комилро аз даст надиҳанд, ба суханҳои авомфиребонаи чанд бадарғашуда бовар накунад ва ҳаргиз нагузоранд, ки ба пойи на танҳо ягон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки меҳмонон аз кишварҳои хориҷ хоре халида бошад.

Мардуми кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистони маҳбуб ҳамеша меҳмонавоз буду мемонад ва ҳаргиз меҳмонеро озор надодааст ва нахоҳад дод. Он ноҷавонмардонеро, ки чунин амалро анҷом додаанд ҳаргиз наметавон тоҷикистонӣ гуфт.

Зеро, тавре ки тафтишот муайян намуд шуури онҳо, мағзи онҳо, қалби онҳо аз хориҷи кишвар аз ҷониби номардоне идора мешуд, ки норомии Тоҷикистони соҳибистиқлолро мехостанд.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд террорист дин, мазҳаб, миллат ва Ватан надорад.

Ин аст, ки мо, сокинони ноҳияи Спитамен ҳаргиз онҳоеро, ки ба чунин амали ноҷавонмардона даст задаанд, ҳаммиллату ҳамкишвари худ намеҳисобем ва амали онҳоро маҳкум намуда, бовар дорем, ки нисбати онҳо ҷазои сахтарин татбиқ хоҳад шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 декабри соли 2017, таъкид намуда буданд, ки “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”.

Аммо, мутаассифона бархе давлатҳое, ки худро рафиқ вонамуд мекунанд, амалҳое бадтар аз рақиб анҷом медиҳанд, душманро дар оғӯши худ ҷо дода, тоҷикро ба тоҷик душман карданӣ мешаванд.

Ин аст, ки ҳамаи мо – мардуми Тоҷикистон набояд ба иғвову дасиса, хиёнату нокасии чунин душманони дустнамо фирефта шавем ва ҳамеша аз худу Ватани худ ҳимоят намоем.

Ҳамватанони азиз!

Дар изҳороти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 1 августи соли ҷорӣ дар АМИТ “Ховар” нашр шуд, таъкид мешавад, ки “Амали нангини террористон наметавонад ба ташрифи сайёҳон монеа эҷод кунад”.

Оре, Тоҷикистон бо табиати биҳиштосояш ва мардуми меҳмондусту меҳмоннавозаш ҳамчунон яке аз маконҳои дӯстдоштаи сайёҳон боқӣ хоҳад монд.

Бо таманнои сарбаландиву хонаободии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва меҳмонони иззатманди кишвари маҳбуб, бори дигар ба мардуми давлати соҳибистиқлол муроҷиат намуда, изҳор медорем, ки якҷоя ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза барем, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат ҳамеша омода бошем ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон якҷоя саъю кӯшиш намоем.

Муроҷиатномаи мазкур санаи 2 августи соли 2018 дар ҷамъомади фаъолони ноҳияи Спитамен оид ба маҳкум намудани ҳодисаҳои нангини дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рухдода, якдилона қабул карда шудааст

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд МУРОҶИАТНОМАИ сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба мардуми шарифи Тоҷикистон