Хабарҳо
Дар шаҳри Панҷакент бо ҷалби фаъолзанон ҷаласаи корӣ доир гардид - 17.08.2018 08:21
Дар деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ бунёд мегардад - 16.08.2018 13:37
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид - 16.08.2018 13:35
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ: 566 шаҳрванд бо кор таъмин шуданд - 16.08.2018 10:00
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад - 16.08.2018 09:52
Занону духтарон роҳбариро меомӯзанд - 16.08.2018 09:04
АЁМИДДИН САТТОРОВ дар бораи хиёнаткориҳои ҲНИ (Видео) - 15.08.2018 17:35
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб /АКСҲО/ - 15.08.2018 15:18
Раҷаббой Аҳмадзода: То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 260 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ карда мешавад - 15.08.2018 13:45
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58

Фаъолони шаҳри Хуҷанд куштори сайёҳони хориҷиро маҳкум намуданд

( 0 Овоз )

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ҳузури роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, роҳбарон ва муовинони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, варзишгарон, имомхатибони масҷидҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, раисони Шӯрои занон ва Шўрои ҷавонони кумитаи маҳаллаҳо доир ба маҳкум намудани амалҳои терорристӣ ва пешгирии фаъолияти аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои хусусияти экстремистидошта мулоқот баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Раиси шаҳр гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик аз қадим ҳамчун миллати сулҳпарасту инсондўст маълуму машҳур буданд ва имрўзҳо низ бо чунин сифатҳои олидараҷа ҷаҳониён тоҷикону тоҷикистониёнро мешиносанд. Воқеае, ки санаи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи гурўҳҳои тундрав сар зад, мардуми меҳмоннавози тоҷикро андўҳгин намуд.

Сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷалилзода Эмин Карим, прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солизода ва дигарон низ баромад намуда, доир ба вазъи имрӯзаи ҷинояткорӣ ва пешгирии он иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид сохтанд, ки оромию суботи ҷомеаро ягон қувваю гурўҳ халалдор карда наметавонад. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос бетарафӣ зоҳир накарда, аз ҳарвақта бештар дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи дурахшони халқу миллатамон муттаҳид шавем.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Фаъолони шаҳри Хуҷанд куштори сайёҳони хориҷиро маҳкум намуданд