Хабарҳо
Дар шаҳри Панҷакент бо ҷалби фаъолзанон ҷаласаи корӣ доир гардид - 17.08.2018 08:21
Дар деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ бунёд мегардад - 16.08.2018 13:37
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид - 16.08.2018 13:35
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ: 566 шаҳрванд бо кор таъмин шуданд - 16.08.2018 10:00
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад - 16.08.2018 09:52
Занону духтарон роҳбариро меомӯзанд - 16.08.2018 09:04
АЁМИДДИН САТТОРОВ дар бораи хиёнаткориҳои ҲНИ (Видео) - 15.08.2018 17:35
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб /АКСҲО/ - 15.08.2018 15:18
Раҷаббой Аҳмадзода: То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 260 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ карда мешавад - 15.08.2018 13:45
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58

Бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 – и ноҳияи Деваштич

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 46 - и деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза мегирад. Бо ташаббуси сокинони деҳа  ва дастгирии роҳбарияти ноҳия дар назди муассисаи таълимӣ 5 синфхонаи иловагӣ  бунёд гардида истодааст.

Корҳои сохтмонӣ аз моҳи июл оғоз гардида, синфхонаҳои иловагӣ тариқи ҳашар бунёд гардида истодааст. Омўзгорони муассиса  дар баробари  таъмири синфхонаҳо ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ барои ободу зебо гардонидани гирду атрофи мактаб корҳои заруриро ба анҷом расонида истодаанд.

- Мақсад дорем, ки атрофи мактабро бо гулҳои зебо оро дода, як гушаи ватани азизамонро обод намоем, - қайд намуд директори таълимгоҳ Наҷмиддин Кучиев.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар муассисаи номбурда 670 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 42 нафар омўзгори соҳибтаҷриба сабақ меомўзанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 – и ноҳияи Деваштич