Хабарҳо
ХИЁНАТКОР – ҲОМИИ ҶИНОЯТКОР. Ва ё андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар мавриди фитнаангезиҳои ТЭТ ҲНИ - 15.12.2018 13:34
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас - 14.12.2018 19:13
Матлубахон Сатториён Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд - 15.12.2018 14:11
Тақдими автомашинаҳои сабукрав ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 15.12.2018 14:08
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00

ИЗҲОРОТИ ХОДИМОНИ ДИНИ ВИЛОЯТИ СУҒД. Зарар ба сайёҳ ин хиёнат ба Ватан мебошад!

( 0 Овоз )

Хабари фоҷиабори ҳалокати сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби ҷинояткорон ба фикри мо  тамоми мардуми Тоҷикистонро, аз ҷумла мо, ходимони динро ба ғазаб овард. Дар ин ҳодисаи нохуш чуноне ки иттилоъ ёфтем, чаҳор нафар сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд ва чанде аз онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Тибқи иттилои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояткорони фироркарда баъди кофтуков, муайян ва безарар гардонида шуданд. Имрӯз Тоҷикистон яке аз давлатҳои ором ва амн ба ҳисоб меравад ва имсол “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Афсӯс баъзе инсонҳои бехирад ба Ватан хиёнат карда, мехоҳанд ин суботу амниятро халалдор созанд. Аз ҷумла Ҳизби экстремистӣ ва террористии  хиёнаткори наҳзат  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар ин айём намедонанд, ки чӣ кор кунанд, гоҳо мехоҳанд эътилофе ташкил кунанд. Аммо кори ӯ барор нагирифт ва дар васоити ахбори омма бемории набераи 4 солаашро ба миён гузошта, фарёди маккорона бардошт то таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб кунад. Ахиран дид, ки Тоҷикистон обод шуда, меҳмонону сайёҳон рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст, барои паст кардани обрӯи Тоҷикистон ба кори пасттарин даст зада бо тариқи хиёнат бо дасти ҳаммаслаконаш сайёҳони хориҷиро ба қатл расонд. Аз ин кори пасттарин дар дунё нест.

Аз нигоҳи дини мубини ислом, як нафарро ба ғайри ҳақ куштан бадтарин гуноҳ аст. Ин меҳмононҳои хориҷии Тоҷикистон чӣ гуноҳ доштанд?

Имрӯз мо, ходимони дин ин ҳодисаи разилонаро маҳкум намуда, аз ташкилотҳои байналхалқӣ, ки ноодилона ҳизби хиёнаткори наҳзатро дониставу нодониста дастгирӣ мекунанд ва аз он давлате, ки террористонро дастгирӣ ва маблағгузорӣ мекунад, талаб менамоем, ки гурӯҳи террористонро бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба Тоҷикистон супоранд, то ки миллату  халқиятҳо аз шарри онҳо эмин монанд  ва меҳмонони хориҷии мо бе малол Тоҷикистонро дидаву саёҳат кунанд.

Ходимони дини
вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд ИЗҲОРОТИ ХОДИМОНИ ДИНИ ВИЛОЯТИ СУҒД. Зарар ба сайёҳ ин хиёнат ба Ватан мебошад!