Хабарҳо
Дар ноҳияи Деваштич сохтмони биноҳои таваллудхонаи марказӣ, нозироти андоз, маркази адлия ва раёсати молия идома дорад - 13.11.2018 14:57
“Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори мамлакат”-баргузории конфронс дар Мастчоҳ - 13.11.2018 14:19
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони маркази саломатӣ ва муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Деваштич - 13.11.2018 14:12
Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Гулистон баргузор шуд - 13.11.2018 12:10
Таджикистан не проходной двор, чтобы всякого рода хармуроды, гулмуроды нападали на него - 12.11.2018 20:43
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ - 12.11.2018 15:52
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт - 12.11.2018 15:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳо /АКСҲО/ - 12.11.2018 15:02
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен - 12.11.2018 14:38
Баррасии рафти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 - 12.11.2018 12:56

Муштариёни Китобхонаи вилоятӣ ва шуъбаву филиалҳои он 261 523 нусха китобро дар хонаи хеш мутолиа намудаанд

( 1 Овоз )

Дар шашмоҳаи аввали соли равон муштариён аз Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва шуъбаву филиалҳои он 261 523 нусха китобро барои мутолиа дар хона дастрас намудаанд.

Тавре аз маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ хабар доданд, дар ин давра китобдорони китобхона дар самти тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ ва баландбардории сатҳи маърифати ҷомеа, бавижа вусъатбахшии ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон ҳамаҷониба талош варзиданд. Инчунин онҳо дар ин муддат тавонистанд, ки бо ҷалби 37731 нафар иштирокчӣ 624 чорабинии оммавиро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор созанд.

Ёдовар бояд шуд, ки Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва шуъбаву филиалҳои он 465 608 нусха адабиёти гуногун мавҷуд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муштариёни Китобхонаи вилоятӣ ва шуъбаву филиалҳои он 261 523 нусха китобро дар хонаи хеш мутолиа намудаанд