Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 21.01.2019 11:53
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 14:49
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 14:58
8 марти соли равон дар қаламрави вилоят Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 22.01.2019 10:00
Мулоқоти роҳбарияти ДДҲБСТ бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ - 22.01.2019 09:57
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 08:38
Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2019 14:52
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 21.01.2019 11:53
Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2019 09:45
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 15:12

Оғози чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати Рӯзи маъюбон

( 0 Овоз )

5 июли соли 2018 бо ташаббуси Иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дастгирии ташкилоти байналхалқии "Оперейшн Мерси" дар саҳни ташкилоти ҷамъиятии "Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бӯстон" маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои вилоятӣ бахшида ба Рӯзи маъюбон доир шуд.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқаҳо раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рамзиддин Ҷӯраев суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нисбат ба шахсони маъюб ва таъмини шароити мусоид ба онҳо ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо байни маъюбон ин бори дигар ба ҳаёти осоишта ва раванди солимгардонӣ ҷалб намудани онҳо маҳсуб меёбад.

Мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои дастхобонӣ, шашка, тениси рӯи миз ва футбол то 7 июл баргузор гардида, ғолибон дар Рӯзи маъюбон бо туҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаҳо 100 нафар аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ ширкат ва дар намудҳои варзиши дастхобонӣ, шашка ва тениси рӯи миз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати Рӯзи маъюбон