Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 21.01.2019 11:53
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 14:49
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 14:58
8 марти соли равон дар қаламрави вилоят Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 22.01.2019 10:00
Мулоқоти роҳбарияти ДДҲБСТ бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ - 22.01.2019 09:57
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 08:38
Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2019 14:52
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 21.01.2019 11:53
Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2019 09:45
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 15:12

Таъсиси гуруҳи корӣ ва тарғиби соҳибкорӣ дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Тибқи як қарори раиси шаҳри Хуҷанд  бо мақсади дар сатҳи баланд таъмин намудани талаботи қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гуруҳи корӣ муваззаф гардидааст, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни зикргардида нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, доир ба тарғиби соҳибкорӣ байни аҳолӣ, бахусус миёни ҷавонон, занону духтарон тадбирҳо андешад. Дар асоси қарори мазкур амалисозии силсилаи иқдомҳои зиёд, аз ҷумла ташкили рӯзи ягонаи вохӯрии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкорон, таъсиси маҳфили соҳибкорони ҷавон, ташкили семинарҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидорҳои технологӣ ва идоракунии кормандони корхонаҳои хурду миёнаи шаҳр, баргузор намудани мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои марбут ба тиҷорат, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии соҳибкорон, ташкили мусоҳибақаҳои варзишӣ байни соҳибкорон, ҳавасманднамоии соҳибкорони бомасъулият дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, муаррифии минтақаи нави саноатии шаҳр барои соҳибкорон, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёна, муаррифии иқтидорҳои инвеститсионӣ ва содиротии шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст.

Ҷоизи зикр аст, ки озмуни вилоятии "Соҳибкори беҳтарини соли 2018"  бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли вилоят, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот ва хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, гузаронида мешавад. Озмун аз рӯи 8 самт ва 42 номгӯй гузаронида шуда, ба ғолибон маҷмӯан бештар аз 431 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таъсиси гуруҳи корӣ ва тарғиби соҳибкорӣ дар Хуҷанд