Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Дар Хуҷанд доир ба ҳамкории муассисаҳои таълимӣ конфронси байналмилалӣ доир гардид

( 1 Овоз )

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмии байналмилалӣ доир гардид.

Дар кори он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон,  Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус  ширкат намуданд.

Ҳайати меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ ва намоиши ҳунарҳои мардумии аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни ин таълимгоҳ омодашуда дидан намуда, бо фаъолияти осорхонаи донишгоҳ, марказҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ  шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар кори конфронс намояндагони 9 донишгоҳ, ҳамзамон 7 донишгоҳ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла, ду донишгоҳ аз шаҳри Тошканд, инчунин донишгоҳҳои Самарқанду Андиҷону Бухоро, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон, инчунин аз Донишгоҳи иқтисод ва савдои Беларус, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, намояндаи Оҷонсии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ва филиали Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд.

Зимни конфронс иштирокдорон доир ба мақсад, вазифа ва ҳадафи он, омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсил ва ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳо бо ҳамдигар ибрози андеша намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд доир ба ҳамкории муассисаҳои таълимӣ конфронси байналмилалӣ доир гардид